Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок менамояд

Май 13, 2022 10:41

ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи Созмони Милали  Муттаҳид /СММ/ оид ба  тағйирёбии иқлим, ки моҳи ноябри соли 2022 дар Шарм-ул-Шайхи Миср баргузор мешавад, зимни мулоқоти   Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Директор оид ба рушди Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Мирза Ҷаҳанӣ дар Душанбе баррасӣ шуд, иттилоъ доданд дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба натиҷаҳои Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва сафарбаркунии захираҳо ва саҳми эҳтимолии Департаменти корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва Рушд  /FCDO/ дар масъалаҳои баланд бардоштани иқтидор оид ба ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлимро муҳокима намуданд.

Инчунин раиси Кумита баргузории Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон масъалаи аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намудани соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2022 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд