БАХТИ МИЛЛАТУ КИШВАР ЗИНДАГӢ ДАР НИЗОМИ ВОҲИД АСТ… Ҳаводиси Бадахшон ба масъалаи низоми давлатдорӣ, интизоми зиндагӣ дар чаҳорчӯби қонуният ва ақли солим рабт дорад

Май 24, 2022 17:33

ДУШАНБЕ, 24.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳаводиси Бадахшон ба масъалаи низоми давлатдорӣ, интизоми зиндагӣ дар чаҳорчӯби қонуният ва ақли солим рабт дорад ва ба ин ҳаводис аз ҳамин нуқтаи назар, яъне як будани низом дар ҳама манотиқи Тоҷикистон боистӣ назар кард»,- чунин гуфт дар як мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рўдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Боймурод ШАРИФЗОДА.

Ба гуфти Боймурод Шарифзода, ҳаводиси рӯзҳои ахири Бадахшон, махсусан Рӯшон ва чанд воқеаи дигари дар ин пораи хоки Тоҷикистон рухдода дар ҳама расонаҳои олам гуфтумонҳои гуногунмуҳтаворо ба бор оварданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ афкори мухталифро дар робита ба ваҳдати миллат ва арзишҳои бунёдии он зоҳир карданд.

Чизи муҳимме, ки номбурдаро ба андеша овардааст, ин буд, ки то кунун дар масъалаи ягонагии кишвар ва дарки маънои ватану зодгоҳ андешаҳои зиддунақизе дар тафаккури мардум ҷо гирифтааст, ки бояд мавриди ислоҳ қарор гиранд. Миллате, ки сӣ сол қабл аз кӯраи ҷанги нобасомони шаҳрвандӣ гузаштааст, набояд дубора дар имтиҳони сангин қарор бигирад, зеро чунин имтиҳон ба марги яқин баробар хоҳад буд.

«Ҳаводиси Бадахшон ба масъалаи низоми давлатдорӣ, интизоми зиндагӣ дар чаҳорчӯби қонуният ва ақли солим рабт дорад ва ба ин ҳаводис аз ҳамин нуқтаи назар, яъне як будани низом дар ҳама манотиқи Тоҷикистон боистӣ назар кард», — тазаккур дод  Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рўдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

«Муҳимтарин нукта ё масъалаи меҳварӣ – ҳамдигарфаҳмии давлату миллат, мардум ва ҷомеаи шаҳрвандист, — мегӯяд ӯ. — Мардум бояд дуруст дарк кунанд, ки мо ватани ягона дорем ва ҳама масоили дигар – маҳаллу зодгоҳ ва вижагиҳои диниву фарҳангӣ барои иттиҳоди мардум дар ин ватан бояд абзорҳои ваҳдатофар бошанд».

Алббата ҳар масъалаи ихтилофдоре, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задааст, бо роҳи муколамаву дарки ягона будани ватан ва мардумони маҳаллоти гуногуни он ҳал хоҳад шуд ва ягон фитна аз берун, аз ҷониби бадхоҳони миллати тоҷик ба ин равиш таъсир нахоҳад кард.

Боймурод Шарифзода бар он аст, ки як хислати муҳимми ватандўстӣ ҳамин аст, ки инсони солимандеша нисбат ба пешрафт ва мушкилоти меҳанаш бепарво ва бетараф буда наметавонад. Пешрафти ватанашро аз они хеш ва камбуду нуқсони ўро низ ҳамчун мушкилоти хештан арзёбӣ мекунад. Ин беҳтарин фазилатест, ки аз ибтидои дар домани кишварҳои алоҳида ва мулкҳои ҷудогона инсонҳо одати зиндагӣ карданро аз бар намуданд.

Дар роҳи некбахтӣ ҳамкорӣ кардан маънои барои тинҷиву амонӣ ва сулҳу субот, дастгирии ҳамдигарӣ муттаҳид будани мардумро дар назар дорад. Тинҷиву амонӣ аз ҷумлаи бузургтарин неъматҳои олам буда, нигоҳ доштани он вазифаи бузург ва аввалиндараҷаи ҳар як инсони оқилу комил мебошад.

Боймурод Шарифзода чунин мешуморад, ки  ҳар як инсон, хусусан ҷавонон барои дўст доштани ватани азиз бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд. Фаромўш набояд кард, ки инсон дар мафҳуми шаҳрванд дар назди ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин уҳдадориҳо ва масъулиятҳои бузурге дорад. Яке аз ҳикматҳои ибратомўзи дини ислом чунин аст: «Дўст доштани ватан аз гўшаи имон аст».

Инсони некбахт на фақат ватанашро дўст медорад, балки барои ободонӣ ва аз офатҳо нигоҳ доштани он саъю талош ба харҷ медиҳад ва бо душманони он муборизаи беамон мебарад. Ба ҳамин мазмуну маънӣ бузургон гуфтаанд: «Вафодории инсон дар дўст доштани ватан, дўст доштани мардум ва хидмат барои онҳо зоҳир мешавад».

«Ҳоло чунин расм шудааст, ки бисёриҳо ватанро ба маънои зодгоҳ дарк мекунанд ва ватан гуфта, ободию зебоӣ ва пешрафти зодгоҳашонро дар назар доранд. Одатан макони таваллудшудаи одамро ватан ё зодгоҳ мегўянд. Фарқи зодгоҳ аз ватан дар он аст, ки зодгоҳ маънои хурд, ватан бошад, маънои васеъ дорад. Набояд фаромўш кард, ки зодгоҳ ва ватан аз ҳам фарқ мекунанд. Агар ватани хурд деҳаву ноҳия бошад, пас ватани бузург Тоҷикистон аст»,- зикр намуд Боймурод Шарифзода.

«Ҷоиз ба таъкид ва ёдоварист, ки ватандўсти асил ҳам зодгоҳ ва ҳам ватани бузургашро як хел дўст медорад, — мегӯяд донишманд. —  Онҳоро аз ҳам ҷудо намекунад. Ҳар қадар мо зодгоҳамонро дўст дорем, ҳамон қадар ватани бузургамон – Тоҷикистонро бояд дўст дорем».

Ба ақидаи Боймурод Шарифзода, як хислати инсони ватандўст ҳамин аст, ки ў зодгоҳашро аз маҳалҳои дигар боло намегузорад. Касе, ки зодгоҳашро аз Тоҷикистон боло гузорад, маҳалгарост. Маҳалгароӣ бадтарин хислати инсон аст, зеро он давлатро пора-пора карда, миллатро рахна месозад. «Набояд фаромўш кард, ки як сабаби ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон маҳалгароӣ буд. Оқибат ин маҳалгароӣ мардумро хонавайрон кард. Таърих барои он аст, ки аз он сабақ омўзанд. Бояд аз таърих сабақ омўзем ва ба ҷои маҳалгароӣ ватанпарварӣ кунем. Он гоҳ Тоҷикистон обод мешавад», —  хулоса намуд ў.

АКС аз байгонии АМИТ «Ховар»

Май 24, 2022 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд