Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид

Май 25, 2022 13:50

ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба тағйирёбии иқлим дар мулоқоти  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо мутахассиси аршади Бонки Осиёии Рушд /БОР/ оид ба тағйирёбии иқлим хонум Кейт Ҳюз дар Душанбе баррасӣ гардиданд.  

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон ҳамзамон  доир ба афзалияти асосии ҳамкорӣ ва маҷмӯи тадбирҳои миллии андешида оид ба паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим, бахусус саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон табодули назар намуданд. Барои ҳар яке аз 5 бахши асосии саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда чорабиниҳои баланд бардоштани иқтидор ба нақша гирифта шудаанд.

Зикр гардид, ки корҳо дар дигар самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла омодагии Тоҷикистон ба Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид  оид ба тағйирёбии иқлим, ки моҳи ноябри имсол дар Миср баргузор мешавад, идома дорад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 25, 2022 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд