Муовини Вазири корҳои дохилии Русия аз мураккаб шудани вазъ дар шимоли Афғонистон хабар дод

Май 18, 2022 13:40

ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазъият дар Афғонистон, алалхусус дар ноҳияҳои шимолии мамлакат мураккаб мешавад, ки ин боиси нигаронӣ мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденко (ДАР АКС) дирӯз, 17 май зимни суханронӣ дар конференсияи II байналмилалии Осиёи Марказии Клуби мубоҳисавии «Валдай» изҳори назар намуд.

«Вақте мо дар бораи Осиёи Марказӣ ҳарф мезанем, <…> хатарҳои мавҷударо нодида гирифтан мумкин нест. Хавфҳо вуҷуд доранд, дар навбати аввал ба Афғонистон марбутанд, ки вазъ, мутаассифона, дар онҷо ҳанӯз ҳам ноустувор аст. Вақтҳои охир вазъият, бахусус дар манотиқи шимолии Афғонистон печидатар шудааст, ки боиси нигаронии шарикони мо, бахусус Тоҷикистон гардидааст», — гуфт ӯ.

Ҳамзамон муовини вазир зикр кард, ки Федератсияи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути СААД кумак мерасонад ва омодагии худро барои ҳамкории минбаъда бо кишварҳои минтақа изҳор медорад.

«Бо вуҷуди ин, мо омодаем минбаъд низ ҳамкориро бо ин кишварҳо идома диҳем, мо кумак мекунем, амнияти муштаракро таҳким мебахшем ва дар чаҳорчӯби СААД ёрӣ мерасонем. Мушкилот вуҷуд дорад, аммо дар айни замон мо омодаем, ки ин мушкилотро ҳал кунем”, — хулоса кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буданд, ки бояд таваҷҷуҳи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба таҳдидҳои эҳтимолӣ равона гардад. “СААД бояд барои таҳияи сенарияҳои мухталиф дар марзҳои ҷанубӣ омода бошад»,-гуфтанд Пешвои миллат 16 май зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД дар Москва.

АКС: Лента.ру

Май 18, 2022 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд