Мутахассисони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон донишашонро доир ба меъёрҳои байналмилалии рушди саноат такмил доданд

Май 31, 2022 10:33

ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қариб 65 нафар мутахассисон аз ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, ширкатҳои  хизматрасони соҳа ва ниҳодҳои марбутаи давлатӣ зимни давраҳои омӯзишӣ, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд доир гардиданд, дониши худро доир ба меъёрҳои байналмилалии рушди устувори саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ такмил доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази байналмилалии тиҷорат.

Ибтикори мазкур муштаракан аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази байналмилалии тиҷорат (ITC) ва шарикони рушд гузаронида шуд.

Дар давраҳои омӯзишӣ зикр гардид, ки мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалии рушди устувор барои ҳар ширкати нассоҷӣ ва  дӯзандагӣ, ки маҳсулоти худро ба бозорҳои бонуфуз содир  кардан мехоҳад, муҳим аст. Барои ноил гаштан ба ин ҳадаф ширкатҳо бояд кафолат диҳанд, ки маҳсулоти онҳо ба якчанд талабот мувофиқ мебошанд. Ин талабот, аз ҷумла, ба бехатарии истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист ва некӯаҳволии кормандон рабт доранд.

Дар давраҳои омӯзишӣ мутахассисони ширкатҳо имконият пайдо карданд, ки бо навъҳои гувоҳномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва аҳамияти онҳо, қоидаҳои мутобиқат ба талаботи дарёфти гувоҳнома, марҳилаҳои дарёфти гувоҳнома, манфиатҳо ва бартариҳои гувоҳномаҳои байналмилалӣ ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои гуногун, зарурат ва муҳимияти гирифтани гувоҳнома барои ширкатҳои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон маълумоти мукаммал пайдо намоянд.

АКС: Маркази байналмилалии тиҷорат

Май 31, 2022 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид