ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «KANGAROO». Хонандагони Мактаби президентии Бӯстон сазовори 296 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 06.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони Муассисаи давлатии таҳсилотии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон» дар Олимпиадаи байналмилалии «Kangaroo» (International Kangaroo Mathematics Olympiad 2022) сазовори 296 медал: 73 тилло, 159 нуқра ва 64 биринҷӣ гардиданд, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар олимпиадаи мазкур, ки аз ҷониби кишвари Фаронса тариқи фосилавӣ баргузор гардид, 1715 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии миқёси вилояти Суғд фаъолона иштирок намуданд. Аз ин шумора 430 нафари онҳоро хонандагони МДТ «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон» ташкил намуд, ки 43 фоизи шумораи умумии хонандагони ин муассисаро дар бар мегирад.
Муҳассилини Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон аз рӯи теъдоди ишғоли ҷойҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ мақоми аввалро касб намуданд.
АКС: Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон









Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид






