РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Беш аз 2000 нафар ҷиҳати иштирок номнавис шудаанд

Май 27, 2022 15:55

ДУШАНБЕ, 27.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 май дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» (Душанбе, 6-9 июни соли 2022) бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявии муқими Душанбе, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма брифинг доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар брифинг роҳбари котиботи  Конфронс Султон Раҳимзода чорабиниҳои марбут ба Конфронси дуюми Душанбе, аз ҷумла ҳадафҳои асосии он, раванди омодагӣ ба баргузории нишастҳои умумӣ, панелҳои интерактивию шарикӣ, форумҳои махсуси гурӯҳҳои минтақавию асосӣ, Намоишгоҳи байналмилалии «Об барои рушди устувор», Фестивали оби Душанбе, Марафони ҷаҳонии об, намоиши «Ҳақиқати виртуалӣ» дар мавзӯи «Таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи об», боздид аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихии кишвар, дигар анҷуманҳои қабл аз конфронс ва масъалаҳои мавриди назарро муаррифӣ кард.

Таъкид гардид, ки дар айни замон дар Вазорати корҳои хориҷӣ дар баробари Котиботи Конфронси дуюми Душанбе, инчунин Ситоди тадорукотию ташрифотӣ ва логистикии Вазорат низ фаъолият мекунад.

Барои иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе беш аз 2000 нафар намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишкадаҳо, ҷамоатҳои маҳаллӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд ҷиҳати иштирок номнавис шудаанд.

Акс: ВКХ ҶТ

 

 

Май 27, 2022 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар маросими расмии таҷлили 250-солагии истиқлоли Амрико иштирок намуд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар дипломатия ҳамоиш доир шуд
Нишасти 5-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бар зидди терроризм доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад
Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон