Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Июнь 17, 2022 13:42

ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони  «Иҷлосияи XVI — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ» баргузор шуд. Дар ин бора котиби матбуоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Машраби Абдуллоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки «Иҷлосияи XVI — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксуламале алайҳи зӯроварии дохилӣ ва фитнаи хориҷӣ буд, вокунише дар муқобили андешаҳои таҳмилии аз кишварҳои исломӣ ба мо боргардида маҳсуб меёфт ва аз ҳама асосӣ сароғози марҳилаи нави ихтиёрдории қудрат дар таҳия ва роҳандозӣ шудани низоми сиёсии новобаста ва мустақил дар ҳудуди кишварамон арзёбӣ мешуд. Бинобар ин, аз хориҷи мамлакат бар мо ҷангро таҳмил намуданд, ки даҳсолаҳо давлати миллии тоҷиконро аз рушди ҳамаҷониб боздошт ва хисороти азиме ба бор овард, аммо бо ибтикор ва кӯшишҳои Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои рафъи муноқишаҳо ва бозоварии фирориён аз марзи кишварҳои ҳамсоя татбиқ гардида, якпорчагии давлат ва масъалаи ҳастиву нестии миллати тоҷик бо натиҷаи мусбат ҳал гардид».

— Аз ин хотир, нақши Иҷлосияи мазкур дар сарнавишти давлату миллати тоҷик аҳамияти таърихӣ дошта, дар дирӯзу имрӯзи мамлакатамон армуғони ҳасткунанда маҳсуб мешавад, — гуфт Фарҳод Раҳимӣ ва таъкид намуд, ки ҷомеашиносон бояд ин рӯхдоди таърихиро ҳаматарафа омӯхта, мавриди пажӯҳиши саҳеҳ қарор диҳанд, чунки чунин ҳодисаҳо барои ҳар миллате дарси ибрат аст.

Сипас намояндаи бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Масрур Абдуллозода дар мавриди аҳамияти таърихии Иҷлосияи мазкур сухан карда, онро нахустинқадам дар роҳи давлатсозии миллӣ ном бурд.

Муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода  иброз дошт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мавқеи Сарвари давлатро нисбат ба ояндаи кишвар маълум гардонид ва аз он вақт то кунун ҳадафҳои сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди давлати миллӣ мебошад.

Муовини Вазири фарҳанги мамлакат Манучеҳр Шарифзода  пешниҳод  намуд, ки роҳҳои муаррифӣ сохтани Иҷлосия чун мактаби сиёсии давлатдории миллӣ ба роҳ монда шавад.

Баъдан Раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим нақши калидии Иҷлосияро тараннум карда, иқрор намуд, ки воқеан, ин иҷлосия  таърихию тақдирсоз буд ва алъон ҳеҷ кас шакку шубҳа надорад, ки ба мо, тоҷикон давлати миллиро ато намудааст.

Олимони АМИТ бо маърӯзаҳои илмӣ дар ҳамоиш баромад карда, мавзўро бо дарназардошти қонуни асосии илм, яъне таҳқиқу пажӯҳиш мавриди баррасӣ қарор доданд ва андешаи ин ки Иҷлосия дар ояндаи наздик ба мактаби омӯзишии таҷрибаи сиёсӣ дар шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор бигирад, ҳамовозӣ ёфт.

Акс: АМИТ

Июнь 17, 2022 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қатар рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон беш аз 1400 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад
Дар шаҳри Душанбе аввалин Олимпиадаи байналмилалии «KhIMIO–2025» идома дорад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Аз мероси Куруши Кабир то сиёсати Пешвои миллат» баргузор шуд
Бахшида ба 31-солагии Конститутсия дар Ёвон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба истифода дода шуд
Ҳамкории илмӣ ва таълимии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Реҷенти Лондон таҳким меёбанд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсия доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон бо Коллеҷи донишгоҳии Лондон ҳамкориро оғоз намуданд
Ҳамкории муассисаҳои олии Тоҷикистон бо муассисаҳои Британияи Кабир тақвият меёбад
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз таърихи қабули Конститутсияи Тоҷикистон ёдовар шуданд
Дар Новгород бо иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ доир шуд