Дар доираи сафари Президенти Тоҷикистон ба Узбекистон Ёддошти тафоҳум миёни АМИТ «Ховар» ва АИ «Дунё» ба имзо расид

Июнь 3, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /НИАТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон 2 июни соли равон дар Кохи  президенти ин кишвар «Куксарой» дар Тошканд Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМИТ «Ховар») ва Агентии иттилоотии (АИ) «Дунё»-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Узбекистон ба имзо расид.

Санади ҳамкориро Директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ ва Директори АИ «Дунё» Садриддин Суяров имзо карданд. Ёддошти тафоҳум ба мақсади тавсеа бахшидани ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд, табодули ройгони иттилооти  дақиқ ва қобили эътимод, инъикоси расму русуми ду халқи бародар ва тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Узбекистон таҳия ва тасвиб гардид.

Мутобиқи сади имзошуда агентиҳои иттилоотии ду кишвар роҷеъ ба  рӯйдодҳои муҳими  ҳаёти дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон  ба забонҳои тоҷикӣ, узбекӣ ва руси ба ҳамдигар мавод пешниҳод намуда, ба хотири баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон табодули таҷриба ва сафарҳои омӯзишӣ ба роҳ мемонанд.

Хотиррасон мешавем, ки дар доираи саммити сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри Тошканд 15 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравии нав оид ба ҳамкорӣ  ба имзо расиданд, ки муҳимтарини онҳо Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мебошад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар маҷмуъ дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумули натиҷаҳои Форуми тиҷоратию иқтисодии ду кишвар, ки1 июнь дар Тошканд баргузор гардид, лоиҳаҳои сармоявию иқтисодӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА мавриди татбиқ қарор хоҳанд гирифт.

                        АКС:  Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

 

Июнь 3, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Масқат рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқот намуд
Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Вена муаррифӣ гардид
Cафири нави Муғулистон дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Дабири кулли Созмони байналмилалии забони русӣ мулоқот намуд
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Бангладеш дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Натиҷаҳои Конфронси чоруми оби Душанбе дар ҷаласаи ЭСКАТО муаррифӣ гардиданд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд