Дар Турсунзода бо ташаббуси хоҷагии ангурпарварии «Боғи Сомон» мактаби нав бунёд мегардад
ТУРСУНЗОДА, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи маориф дар шаҳри Турсунзода бунёди биноҳои нави таълимӣ муташаккилона идома доранд. Аз ҷумла, дар деҳаи Янгибоғи шаҳр корҳои сохтмони муассисаи таълимии №92 бо дастгирии молиявии хоҷагии ангурпарварии «Боғи Сомон» дар сатҳи баланд идома дорад. Иншооти мазкур аз 2 ошёна ва 24 синфхонаю кабинетҳои фаннӣ иборат мебошад.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд, дар ошёнаи якуми бино андовакашӣ ва насби тирезаҳо амалӣ гардида истодааст. Раиси хоҷагӣ «Боғи Сомон» Маҳмадамин Камолов иттилоъ дод, ки корҳо тибқи нақша идома дошта, мактаб дар соли нави таҳсил мавриди истифодаи насли наврас қарор дода мешавад.
Ҳамчунин бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бинои иловагии муассисаи таълимии №71, ки иборат аз 6 синфхона мебошад бо ҷалби соҳибкорон ва кумитаи падару модарон ва сокинони деҳаи Бобониёз Тошев оғоз гардид. Тибқи маълумоти раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов бинокорон рӯзҳои наздик деворбардории биноро ба итмом расонида, ба насби тиреза ва андовакашии бино оғоз менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат бо мақсади муҳайё намудани шароити таҳсил дар заминаи 25 муассисаи таълимӣ сохтмони 265 синфхонаи иловагӣ барои 6360 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






