Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об пешсаф будани худро собит намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ва қадрдонӣ карда мешавад»

Июнь 7, 2022 10:14

ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар масъалаи об бо пешниҳоду ташаббусҳои созанда баромад намуда, дар ин росто кишвар пешсаф будани худро собит кардааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва қадрдонӣ карда мешавад», — ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,  солҳои  2018 – 2028» дар мавзӯи «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баён доштанд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз макони баргузории чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ — «Кохи Сомон».

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки  Тоҷикистон намунаи омӯзиши оқилона ва самараноки захираҳои об мебошад.

«Ҳукумати Тоҷикистон ба манзури пайгирии ин равандҳо ва андешидани тадбирҳои мутобиқшавӣ  «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо то соли 2030»-ро қабул намудааст. Мо дар назди Академияи илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис додем ва талошҳоро дар ин самт дар сатҳи байналмилалӣ зиёд хоҳем кард. Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ташаббуси таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон шудани соли 2025-ро ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба миён гузошт», — таъкид карданд Сарвари давлат.

Сарвари давлат пиряхҳоро манбаи асосии оби тоза арзёбӣ намуда, хотиррасон  карданд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари афзоиши истеъмоли об, вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ метавонад оқибатҳои хеле манфӣ дошта бошад.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2022 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон