Густаво Петро дар интихоботи президентии Колумбия пирӯз шуд

Июнь 20, 2022 13:15

ДУШАНБЕ, 20.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сенатор Густаво Петро, ​​ки намояндаи эътилофи «Паймони таърихӣ» аст, рӯзи якшанбе, 19 июн дар даври дуюми интихобот  Президенти  Колумбия интихоб шуд. Тибқи маълумоте, ки пас аз ҳисобкунии  фаврии 99,95% бюллетенҳо ба даст омадааст, 50,45% интихобкунандагон ба тарафдории ӯ райъ додаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.

«Моро тағйироти воқеӣ интизор аст. Мо интихобкунандагонеро, ки мехостанд Колумбия тағйир ёбад, ноумед наменамоем. Аммо ин тағйирот барои қасос гирифтан ва ба  вуҷуд овардани тафриқаи боз ҳам бештар дар ҷомеа нестанд», — гуфт Петро дар нахустин суханронияш ба ҳайси президенти интихобшудаи Колумбия, ки дар саҳифаи “Twitter”-аш пахш шуд.

Сиёсатмадор ҳамчунин гуфт, ки омода аст пешниҳодҳои мухолифонро гӯш кунад. Ғайр аз ин, президенти интихобгардидаи Колумбия аз  давлатҳои Амрикои Лотинӣ даъват намуд, ки барои ҳамгироӣ ва гуфтушуниди байни ҳамаи мамлакатҳои нимкураи  Ғарбӣ бидуни истисно ҷидду ҷаҳд намоянд.

Петрои ​​62-сола собиқ узви ҷавони созмони чапгарои М-19,  ки бар зидди ҳукумат муборизаи мусаллаҳона мебурд, нахустин президенти Колумбия аз чапгароён меградад. Солҳои 2010 ва 2018 сиёсатмадор аллакай барои курсии президентӣ мубориза бурда, дар даври дуюм аз президенти  феълӣ Иван Дука шикаст хӯрда буд. Солҳои 2012-2015 Петро мири пойтахти Колумбия ва аз соли 2018 инҷониб сенатор буд.

ДАР АКС: Густаво Петро. Акс: © AP Photo/Fernando Vergara

Июнь 20, 2022 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Сайри ҳаррӯза марги барвақтиро пешгирӣ менамояд