ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Тоҷикистон дар мубориза бо маводи мухаддир устувор аст
ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 июн бори аввал кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар иди касбии худро таҷлил мекунанд. Мувофиқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба моддаи 2-и қонуни амалкунанда ворид намудани илова пешбинӣ шудааст. Тибқи он 1 июн- рӯзи таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар муайян карда шудааст.
Хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар бораи фаъолияти ин мақомот далелҳои ҷолиб ва таърихиро пешкаши хонандагон мегардонанд.
Таърихи таъсис
Соли 1994 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷдиди системаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир қарор қабул гардид.
Соли 1994 ҷузъу томи махсус оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
12 апрели соли 1996 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармон «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир оид ба тақвияти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир» ба имзо расид, ки мутобиқи он Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати маводи нашъадор ташкил шуда, Барномаи давлатӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор барои солҳои 1996-1998 таҳия ва тасдиқ гардид,
Лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи нашъаовар», «Дар бораи муолиҷаи маҷбурии маризони доимии майзадагӣ ва нашъамандӣ», Кодексҳои ҷиноятӣ, ҷиноятӣ-мурофиавӣ, шаҳрвандӣ, шаҳрвандӣ-мурофиавӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Таъсиси Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати маводи нашъаовар
Мақсади асосии таъсиси Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии масъалаҳои мубориза бар зидди нашъамандӣ ва татбиқи муқаррароти конвенсияҳои СММ дар солҳои 1961, 1971, 1988 дар ҳудуди кишвар буд, ки Тоҷикистон солҳои 1995—1996 ба он шомил гардид. Инчунин татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии паҳншавии моддаҳои нашъадор, ташкили муборизаи мақсаднок бар зидди муомилоти ғайриқонунии онҳо, табобат ва офиятбахшии нашъамандон, мустаҳкам намудани асосҳои фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин самт буд.
Ҳамзамон бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии мубориза бар зидди ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ ва санадҳои қонунгузории кишвар ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ карда шуданд. Ба шарофати ин замина барои пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин табобати нашъамандӣ меъёрҳои ҷаҳонӣ пешбинӣ гардиданд.
Таъсиси Агентии махсуси мубориза бо маводи мухаддир
Соли 1997 муовини Котиби генералии СММ, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва пешгирии ҷинояткорӣ Ҷакомеллӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъсиси Агентии махсуси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар натиҷа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Комиссияи давлатӣ Рустам Назаров супориш дод, ки гурӯҳи корӣ таъсис дода, пешниҳодҳои дахлдор омода намояд.
Дар конфронси аввалини зиддимухаддиротии «Тоҷикистон бар зидди маводи мухаддир», ки моҳи январи соли 1999 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва ҳадафи асосиаш аз коркарди муносибати ягона ба мушкилоти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир иборат буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «….дар роҳи давлати ҷавони тоҷик хатаре ба вуҷуд омадааст, ки агар онро сари вақт бартараф накунем, тамоми муваффақияти моро аз байн мебарад. Сухан дар бораи падидаи таҳдидомезе, ба мисли нашъаҷаллобӣ меравад. Ва имрӯз, дар шароити мустақилияти кишвар, инчунин бо дарназардошти ҳамаи он хатаре, ки ин падида дар пай дорад, ман бо тамоми масъулият изҳор мекунам, ки пойдории давлати мо аз бисёр ҷиҳат аз муборизаи беамон бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир вобаста мебошад».
Чанд сол қабл аз ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи дар Афғонистон ба амал омадаро, ки кишварҳои минтақа ва ҷомеаи байналмилалиро рӯ ба рӯ бо зарурати андешидани тадбирҳои мувофиқашуда оид ба кӯшишҳо дар муқовимат бо таҳдидҳои мухаддиротӣ гузоштааст, изҳор намуданд, ки «….дур будани сарҳади баъзе давлатҳо аз Афғонистон ҳудуди онҳоро аз хатари паҳншавии терроризм ва воситаҳои нашъадор наҷот дода наметавонад…».
Баҳои баланди Пино Арлакӣ ба кӯшишҳои роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бо нашъамандӣ
16-19 апрели соли 1999 муовини Котиби генералии СММ, Директори Иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва пешгирии ҷинояткорӣ (РСМММНПҶ) Пино Арлакӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овард. Ҳангоми вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Пино Арлакӣ ба кӯшишҳои роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои мубориза бо нашъмандӣ баҳои баланд дод. Онҳо масъалаи имконияти бо дастгирии СММ ташкили идораи махсусгардонидашудаи мубориза бо муомилоти маводи мухаддирро мавриди муҳокима қарор доданд.
27 апрели соли 1999 дар шаҳри Вена Протокол миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Котиби генералии СММ дар бораи ташкили Агентии назорати маводи нашъаовар, ки бевосита ба Сардори давлат итоат мекунад, ба имзо расид.
Мутобиқи протоколи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор гардид, ки Агентӣ ва заминаҳои ҳуқуқии онро таъсис диҳад, ба қонунгузории амалкунанда ва санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид намояд, бинои хизматӣ ҷудо намояд, дар асоси озмун интихоб намудани шахсони барои кор ба Агентӣ қабулшавандаро гузаронад ва ғайра. РСМММНҶ уҳдадор шуд, ки лоиҳаи Барномаи СММ оид ба дастгирии техникӣ ва молиявии Агентии таъсисшавандаро таҳия намояд, дар тайёркунӣ ва такмили тахассуси кормандон, таъсиси Марказ оид ба ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилоот кумак расонад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми нави ҳифзи ҳуқуқ – Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт, ки вазифадор буд сиёсати давлатӣ, ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, инчунин ҳамоҳангии ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии онҳо ва суиистеъмоли онҳо амалӣ намояд.
20 октябри соли 2000 ифтитоҳи расмии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Заминаи меъёрӣ -ҳуқуқӣ
Ташкили Агентӣ қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии нав ва ворид кардани тағйироту иловаҳо ба санадҳои мавҷударо, ки бояд ҳамаи самтҳои фаъолияти онро ба танзим дарорад, тақозо мекард.
Дар солҳои аввали ташаккули Агентӣ фармонҳои ба имзо расонидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомнома ва сохтори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба иҷрои шартҳои хизмат аз ҷониби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», ки аз ҷониби Агентӣ таҳия шуда буданд, ба заминаи ҳуқуқии онҳо асос гузоштанд.
Давоми беш аз бист соли фаъолият бо мақсади такмили заминаи қонунгузории вобаста ба назорати муомилоти маводи мухаддир бо ташаббуси Агентӣ ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи муқовимат бо қонунигардонии даромадҳои молӣ, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст омадаанд ва маблағгузории терроризм», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Агентӣ инчунин ташаббускори ташкили Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷумҳуриявӣ оид ба пешгироии суиистифода аз маводи нашъаовар мебошад, ки бо Фармони Президенти ҶТ соли 2004 таъсис ёфта буд.
Кофи Аннан: Тоҷикистон дар мубориза бар зидди фалокати мухаддиротӣ устувор аст
Котиби генералии СММ ҷаноби Кофи Аннан дар чорчӯбаи ташрифи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 октябри соли 2002 ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ омад. Аз натиҷаи сафар ба Тоҷикистон ҷаноби Аннан ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқия равон кард, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Боздид аз Агентии назорати маводи нашъаовар ба ман хурсандии бузург бахшид, чунки кор дар Агентӣ шаҳодати боэътимоди он аст, ки Тоҷикистон то чӣ андоза дар мубориза бар зидди фалокати мухаддиротӣ устувор мебошад. Ман итминон дорам, ки муносибатҳои СММ ва Тоҷикистон дар оянда ҳам таҳким меёбанд ва дар соҳаҳое, ки мавриди баррасии мо қарор гирифтанд, самара медиҳанд. Инчунин суҳбатҳои мо дар Душанбе ба ҳамкории байналмилалӣ нафаси тоза мебахшанд».
Дар аввал лоиҳаи мазкур то соли 2003 пешбинӣ шуда буд, вале бо дарназардошти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ муҳлати маблағгузории он панҷ маротиба аз ҷониби Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ тамдид карда шуд.
Бо таъсиси Агентӣ ҷиноятҳои сершумори вобаста ба маводи мухаддир пешгирӣ карда шуданд
Таъсиси Агентӣ ба афзоиши бесобиқаи ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир дар кишвар мусоидат намуда, миллионҳо нафар дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон аз нашъамандӣ наҷот ёфта, ҷиноятҳои сершумори вобаста ба маводи мухаддир пешгирӣ карда шуд. Ҳамин тариқ, агар соли 1999 дар Тоҷикистон 2570 кило маводи мухаддир аз муомилоти ғайриқонунӣ гирифта шуда бошад, пас соли 2000 мизони қочоқи он чанд маротиба афзоиш ёфта, аз ҳафт тонна гузашт.
Фаъолияти муваффақонаи Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон намунаи равшани ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалии таҳти сарпарастии СММ қарордошта дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир мебошад.
Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки кормандони Агентӣ дар самти мубориза бо таҳдиди паҳншавии маводи мухаддир тамоми корҳоро анҷом додаанд. Дар он минтақаҳое, ки вазъи сиёсиву ҳарбӣ печида аст ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ фаъоланд, истеҳсол ва қочоқи бемамониати маводи мухаддир меафзояд. Бо дарназардошти ин вазъият солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида ҷиҳати таҳкими иқтидори моддию техникии мақомоти ваколатдори мубориза бо маводи мухаддир якчанд тадбирҳои муассир андешид. Аз ҷумла, бо пурра гузаштани сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати марзбонони тоҷик ва густариши ҳамкории сохтору мақомоти дахлдор ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир сол то сол меафзояд.
Тадбирҳои пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии нашъамандон
Ҳукумати Тоҷикистон воқеан хатари нашъамандиро ба саломатии аҳолӣ ва генофонди миллат дарк намуда, дар баробари пурзӯр намудани мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар самти пешгирӣ, табобат ва нашъамандӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Дар шароити кунунӣ вазифаи аввалиндараҷаи тамоми сохторҳои қудратӣ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Хадамоти гумрук муборизаи мақсаднок ва мунтазам бар зидди гурӯҳҳои ҷиноии фаромиллӣ мебошад, ки ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ва интиқоли ғайриқонунии онҳо ба кишварҳои дигар машғуланд.
Лайло ТОИРӢ,
Хушнуд РАҲМАТУЛЛО
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»