КОРОНАВИРУС ВА ОБИЛАИ МАЙМУН. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо табиби маъруф Ораш Алоӣ ҳамcуҳбат шуд

Июнь 17, 2022 14:12

ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дувуним сол қабл қабл, аниқтараш моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин хуруҷи COVID-19 ба қайд гирифта шуд ва дере нагузашта ин бемории шадид ба тамоми ҷаҳон паҳн гардид. 30 январи соли 2020 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) вобаста ба ин ҳолат вазъи фавқулода ва 11 марти ҳамон сол пандемия эълон кард.

Дар муддате, ки сипарӣ гардид, бо кӯшишу эҳтимоми ин созмон, ҳукуматҳо, табибон ва аҳли ҷомеа шиддати беморӣ поин оварда шуд. Дар ин авохир СУТ эълон кард, ки сатҳи гирифторшавӣ ба коронавирус дар саросари ҷаҳон коҳиш ёфтааст, вале эҳтимоли аз нав хуруҷ кардани ҳам COVID-19 ва ҳам вирусҳои дигар ва шадидтар аз байн нарафтааст. Чанде пеш Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз пайдоиши вируси нав хабар дод, ки «обилаи маймун» ном дорад.

Вобаста ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо табиби маъруфи эронитабори ИМА, сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии сиҳатӣ ва муоинаи Ню-Йорк Ораш АЛОӢ ҳамсуҳбат шуд. 

— Оғои Алоӣ, чанде қабл раҳбари Созмони умиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус дар як мусоҳабааш изҳор дошт, ки шиддати коронавирус кам мешавад, аммо худи вирус билкул аз байн намеравад ва дар шакли зуком ба таври ҳамеша бо мо боқӣ хоҳад монд. Зиёда аз ин, ба гуфти ӯ, инсониятро вирусҳои боз ҳам шадидтар интизоранд. Ин чӣ маънӣ дорад? Фикри Шумо чист?

— Хеле муҳим аст, ки хонандагони ин матлаб таваҷҷуҳ дошта бошанд ба истилоҳоти саломатие, ки мо ба кор мебарем. Бубинед, воқеият ин аст, ки коронавирус феълан битамом аз байн нарафтааст ва намеравад. Мо бо ин вирус зиндагӣ кардем ва хоҳем кард. Мо наметавонем кулли вирусҳоро дар дунё билкул несту нобуд созем. Вале пандемияи коронавирус, чун ҳамаи пандемияҳо, замоне коҳиш хоҳад ёфт ва лағв хоҳад гардид. Кӯшиши ҳамаи мутахассисони соҳаи тиб дар дунё ин аст, ки ин беморӣ аз ҷаҳонгир шудан ба минтақавӣ, яъне аз пандемия ба эндемия тадбил ёбад.

— Эндемия, яъне чӣ?

— Эндемия – ҳолате, ки гирифторони як беморӣ хеле кам мешаванд, вале як гурӯҳ мардум дар ҳудуди муайян ҳамоно гирифторони ин беморӣ боқӣ мемонанд.

Суоле ба миён меояд, ки чӣ кор кунем, то ки мисли авҷи аввалаи каронавирус гирифтори ин беморӣ нашавем ва аз эндемия низ дар канор бошем. Ин ҷо муҳимтар аз ҳама риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ аст ва мо ҳамагон бояд ин корро идома бидиҳем, яъне тарзи ҳаёти солим бояд ба одати ҳамешагии мо табдил ёбад. Ин чӣ аст? Ин пайваста шустани дастҳо, аз ҷумла бо маҳлулҳои антисептикӣ, тоза нигоҳ доштани ҳавои хона ва утоқи корӣ, тоза нигоҳ доштани манзили истиқомат ва амсоли инҳо…

Ҳоло, ба қавли мутахассисон, бемории саратон зиёд мешавад. Оё метавонад коронавирус ва ё оризаҳои он боиси пайдо шудани саратон дар бадани инсон гарданд?

— Бояд бароятон бигӯям, ки соҳаи тиб рӯз ба рӯз дар ҳоли рушд аст ва мо ягон алоқае байни COVID-19 ва бемории саратон намебинем. Вируси куруно сабаби бемориҳои дигаре мешавад, ки онро мегӯем ковиди баландмуддат ё ковиди тӯлкашида. Дар бадани касоне, ки ба бемории шадиди куруно гирифтор шудаанд, метавонад оризаҳои шуш, сулфаҳои сахти бардавом ва ё бемории диабети қанд ба вуҷуд оянд.

Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам арз намоям, ки таваҷҷуҳ ва иқдомоте, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, худи мардум ва рӯзноманигорон, аз ҷумла шумову ҳамкоронатон аз оҷонсии «Ховар», ки барои пешгирӣ аз тавсеаи COVID-19 дар кишвар роҳандозӣ гардид, боиси таҳсин ва офарин аст. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо якдигар тарсу ваҳмеро, ки дар дили мардум ҷиҳати гирифтани воксина ба миён омада буд, дур кардед ва дар ҳамбастагиву якҷоягӣ тавонистед аз ин беморӣ раҳо ёбед. Ва ин ҷо ман аз тамоми мардум хоҳиш мекунам, ки воксинаи сеюмро низ бигиранд. Мо медонем, ки самараи воксина боис шудааст, ки дар дунё, ҳарчанд ин беморӣ ҳоло аз байн нарафтааст, вале маргу мир хелеҳо кам шудааст. Пас хеле муҳим аст, ки мардум ҳар се воксинаро бигиранд. Ҳар касе воксина гирифту каме беҳол шуд ва худро бад ҳис намуд ва ё таб кард, нигарон набошад. Ва ҳоло ман аз худи Шумо мепурсам, ки воксина гирифтаед?

— Бале ҳар се воксинаро гирифтам…

— Бисёр хуб, ман 4 воя воксина гирифтам ва вояи чаҳорумро ба касоне, ки синну солашон аз 50 болост ё ин ки бемориҳои музмин ва камбуди дастгоҳи масъуният доранд, тавсия медиҳам.

— Оғои Алоӣ, вазъи кунунии эпидемиологии Тоҷикистонро Шумо ҳамчун мушовири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Дар ҳоли ҳозир вазъияти эпидемиологии Тоҷикистон хуб аст ва ягон ҷои тарсу ваҳм нест. Танҳо ин ки мардум бояд саломатии худро эҳтиёт кунанд, тарзи ҳаёти солим дошта бошанд, ки онро Президенти муҳтарами кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон расман аз аҳолии кишвар хостааст ва дар ин симмат Барномаи давлатӣ* ҳам қабул шудааст. Яъне пайваста варзиши бадан кунанд, аз амалҳои барои саломатиашон зиёновар парҳез кунанд, ҳавои хона, муҳити зист ва ҷои корашонро тоза нигаҳ доранд ва то метавонанд дар ҳавои тоза сайру гашт намоянд.

— Бигӯед, ки оё хавфи ба Тоҷикистон ворид шудани вируси обилаи маймун вуҷуд дорад?

 — Бароятон бигӯям, ки обилаи маймун як бемории ҷадид нест. Навъе аз обилаҳост, ки дар забони инглисӣ мо мегӯем «покс» (poks). Аз солҳои пеш ин гурӯҳи вирусҳо маълум буд ва онро, аз ҷумла дар маймунҳо солҳои 1950 ташхис карда буданд ва соли 1970 вируси мазкур аз маймун ба инсон гузашт. Яъне навъе аз бемориҳои байни ҳайвоноту одам аст.  Фавт аз обилаи маймун қариби 30 %-ро дар бар мегирад.

— Аломатҳои бемории обилаи маймун кадомҳоянд?

Агар байни аз 3 рӯз то 2 ҳафта дарди бадан, дарди сар, беҳолӣ, доначаҳои обиламонанд ва нафастангӣ ба зуҳур оянд, метавонанд нишонаҳои ин беморӣ бошанд. Вале дар бадани на ҳама гирифторони ин беморӣ доначаҳои обиламонанд  пайдо мешаванд.

— Оё ин беморӣ табобати хос дорад ё на?

— Бале, табобат дорад. Қабл аз ҳама задани воксинаи обила аст, ки метавонад аз ин хавфу хатар ва гирифторӣ ба ин беморӣ эмин нигаҳ дорад. Ва ҳеҷ ҷои тарсу ваҳм нест. Бояд донист, ки бо даст салом кардан, бо луоби даҳон, алоқаи ҷинсӣ, хун ва истифодаи асбобҳои бемор метавонад ба ин беморӣ гирифтор намояд. Боз ҳам мегӯем, ки бояд ҳар нафар гигиенаи шахсиашро риоя намояд ва ин пеш аз ҳама метавонад ӯро аз дигар бемориҳо ҳифз намояд. Ва аз тарафи дигар суръати сироят ҳам аз ин беморӣ хеле кам аст.

— Оғои Алоӣ, ташаккур барои суҳбат ва тавсияҳои муфид.

 Мусоҳиб
Зебои ЮСУФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаҳои боз

__________________________

* «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026″ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 таҳти №566 қабул шудааст.

Июнь 17, 2022 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»