ҶОМИ КФО. «Хуҷанд»-и Тоҷикистон бар дастаи «Копетдаг»-и Туркманистон ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 25.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аввалин бозии гурӯҳии Ҷоми КФО миёни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва «Копетдаг»-и Туркманистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин бозии ҷолиб футболбозони шаҳри Хуҷанд ҳунар ва маҳорати хуб нишон дода, бар дастаи футболи «Копетдаг»-и Туркманистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омаданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Голҳои дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва «Копетдаг»-и Туркманистонро дар ин бозии ҷолиб Далер Ёдгоров, 3 (0:1), Далер Ёдгоров, 7 (0:2), Бегенч Акмамедов, 58 (1:2) ва Тоҳир Маладустов, 85 (1:3) ба нишон расониданд.
Қобили зикр аст, ки беҳтарин бозингари вохӯрии мазкур Далер Ёдгоров аз дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон интихоб шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар гурӯҳи «F» ҷоизадори медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд барои роҳхати ягонаи даври баъдӣ бо қаҳрамони Қирғизистон дастаи «Дордой» ва барандаи Ҷоми Туркманистон дастаи футболи «Копетдаг» миёни ҳам рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳро дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешаванд.
Ғолибони гурӯҳҳо дар марҳилаи финалии минтақавӣ вомехӯранд, ки барандаи он 100 ҳазор доллари ИМА ба даст меорад.
Ҷоми КФО- 2022
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «F»
Иштирокчиён: «Хуҷанд» (Тоҷикистон ), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдаг» (Туркманистон).
Даври 1
24 июн (ҷумъа)
19:00 – «Копетдаг» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон )-1:3
Даври 2
27 июн (душанбе)
19:00 – «Дордой» (Қирғизистон) – «Копетдаг» (Туркманистон)
Даври 3
30 июн (панҷшанбе)
19:00 —«Хуҷанд» (Тоҷикистон )– «Дордой» (Қирғизистон)
Оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






