СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Хуҷанд номгўи маҳсулоти истеҳсолшаванда 35 намуд зиёд шуда, ба 135 адад расидааст

Июнь 14, 2022 09:25

ДУШАНБЕ, 14.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди корхонаҳои истеҳсоли хурду миёнаи шаҳри Хуҷанд дар соли 2020 ба 165 адад, соли 2021 ба 174 ва 5 моҳи соли 2022 ба 177 адад расидааст. Шумораи корхонаҳои саноатии шаҳр сол то сол зиёд шуда, дар натиҷаи фаъолияти пурсамари онҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ давоми соли 2020- 1492,7 млн. сомонӣ, соли 2021- 1508,9 млн. сомонӣ ва 5 моҳи соли 2022- 562,0 млн. сомониро ташкил додааст, ки он нисбат ба маҷмўи маҳсулоти шаҳрӣ аз 24,0 то ба 29,0 фоиз боло рафтааст. Дар ин давра дар шаҳр номгўи маҳсулоти истеҳсолшаванда низ 35 намуд зиёд шуда, ба 135 адад расидааст ва дар навбати худ ба кам шудани маҳсулотҳои воридотшаванда боис мегардад. Дар ин хусус дар иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум, ки дирӯз, 13 июни соли равон доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020 «Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар шаҳр яке аз масъалаҳои баррасишаванда дар иҷлосияи мазкур буд.

Дар иҷлосия зикр шуд, ки аз лиҳози муҳимияти соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ дар айни замон аз ҷониби Пешвои миллат масъалаи саноатикунонии соҳаҳои иқтисодиёт ба мақоми аввал гузошта шудааст. Амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ, саноатикунонии босуръати кишвар бомаром идома дошта, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд.

Афзудани коргоҳҳои саноатӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар мусоидат хоҳад кард, зеро баробари бунёди коргоҳҳои нав ҷойҳои корӣ зиёд гардида, сатҳи муҳоҷират коҳиш ёфта, зиндагии шаҳрвандон хуб ва иқтисодиёти мамлакат боз ҳам беҳтар мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зикр кард, ки имрўз саноатчиёни шаҳр мекўшанд, сифати маҳсулоти истеҳсолии худро беҳтар гардонида, содироти онро ба бозори ҷаҳонӣ афзун созанд. Дар ин замина нақши соҳибкорон низ назаррас буда, имконияти хуб барои истеҳсол ва муаррифии маҳсулоти баландсифату рақобатпазир мебошад. Ин аст, ки дар самти содироти маҳсулоти саноатӣ коргоҳҳо ба натиҷаҳои баланд ноил гардида истодаанд.

Таъкид гардид, ки шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои калони саноатии ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, дар ҳаҷми умумии маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда ҳиссаи арзанда мегузорад. Баҳри дар амал татбиқ намудани Барномаи ҷумҳуриявӣ ва қарори Раиси вилоят, қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 19 августи соли 2020 “Дар бораи амалӣ гардонидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” иборат аз 30 банди нақшавӣ қабул гардидааст.

«Барои зиёд намудани ҷойҳои корӣ ва ташкили коргоҳҳои нав, яъне соҳибкории хурду миёна мо бояд мутахассисони болаёқат дошта бошем. Аз ин лиҳоз ҷавонон бояд дараҷаи маърифатнокии худро баланд бардошта, талаботҳоеро, ки дар бозори меҳнати байналмилалии дохилӣ ҳастанд, риоя намоянд. Агар ҷавонон соҳибкасб шаванд, онҳо метавонанд дар баробари ворид намудани технологияҳои инноватсионии пешқадам онро самаранок истифода баранд,-тазаккур дод Фирдавс Шарифзода.

Раиси шаҳри Хуҷанд аз масъули даъват ба амал оварда гуфт «ҳар яки мо ба хотири ободии Ватан, рушди давлат ва саноатикунонии босуръати кишвар аҳлона заҳмат кашида, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо саҳми содиқонаву ватандўстона гузорем».

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Июнь 14, 2022 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ баргузор гардид
Душанбе мизбони ҷаласаи Шуро оид ба сиёсати саноатии давлатҳои ИДМ ва нишасти вазирони саноати Осиёи Марказӣ мегардад
Тоҷикистон ва Эрон хостори таҳкими ҳамкории саноатӣ гардиданд
Озмуни «Беҳтарин корхонаи саноатии шаҳри Душанбе» баргузор мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи заргарии ҶДММ Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони соҳаи саноати вилояти Суғд мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти фермаи парвариши чорвои зотии ҶДММ «Саховат» шинос шуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Саховат»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ «Афранг Пластик»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонии ҶДММ «Тоҷпанел»-ро ифтитоҳ намуданд