Ҳайати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Конфронси 12-уми вазирони кишварҳои аъзои Созмони ҷаҳонии савдо иштирок кард

Июнь 13, 2022 09:32

ДУШАНБЕ, 13.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 июни соли равон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар маросими ифтитоҳи Конфронси 12-уми вазирони кишварҳои аъзои Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) дар шаҳри Женеваи Швейтсария иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат  хабар доданд.

Кори Конфронси 12-уми вазирони СҶС то 15 июн идома меёбад ва дар ҷамъбасти он вобаста ба масъалаҳои савдои глобалӣ, вокуниши СҶС ба пандемия ва нақшаҳои зиддибуҳронии кишварҳо, ислоҳоти СҶС, кишоварзӣ, хизматрасониҳо, тағйирёбии иқлим ва ғайра эъломияи вазирон қабул мешавад.

Дар чорабинӣ Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соҳаи савдо муайян намуданд.

Роҳбари ҳайат аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мизбонони Конфронс — ҳукуматҳои Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Қазоқистон минатдорӣ баён карда, вобаста ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар давраи 9 соли узвият дар ин созмон, мавқеи кишвар вобаста ба масъалаҳои глобалии марбут ба савдо, бахусус паёмадҳои манфии буҳронҳои ҷаҳонии озуқаворӣ, энергетикӣ, тағйирёбии иқлим, таҳримҳо, низоъҳои тиҷоратӣ ва пешниҳоди кӯмаку дастгириҳо барои тадбирҳои зиддибуҳронии кишварҳои камдаромад суханронӣ намуд.

Аз ҷумла, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар солҳои 2013-2021 Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида, рушди миёнаи иқтисодиро 7 фоиз таъмин намуд ва шумораи шарикони тиҷоратиро то ба 110 кишвар афзоиш дод.

Дар назар аст, ки Конфронси 13-уми вазирони СҶС дар шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардад.

Ёдовар бояд шуд, ки Конфронси вазирони иқтисод ва савдо мақоми олии роҳбарикунандаи СҶС ба ҳисоб рафта, дар он қарорҳои муҳими марбут ба савдои ҷаҳонӣ қабул карда мешаванд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Июнь 13, 2022 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи таҳвили нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон баррасӣ шуд
Сарвазири Гурҷистон аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Тоҷикистон боздид намуд
Дар Бишкек масъалаи татбиқи лоиҳаи Хати лӯлаи гази транзитии «Осиёи Марказӣ – Чин» баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Муколамаи вазирони энергетика дар қолаби «Русия + Осиёи Марказӣ» баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Созишнома ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Қирғизистон лоиҳаҳои «CASA-1000» ва «REMIT»-ро дар Бишкек баррасӣ намуданд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026» беш аз 200 ширкати ватанӣ иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон низоми муосири электронии мубодилаи сертификатҳои фитосанитарӣ татбиқ мегардад
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2026 баргузор шуд
Истифодаи оқилонаи захираҳои обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бо намояндагони СММ баррасӣ шуд