БА ШАРАФИ СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар деҳаи Ғайратободи Ҳисор 35 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд

Июль 25, 2022 10:00

ҲИСОР, 25.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар деҳаи Ғайратободи Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор коргоҳи дӯзандагие, ки муваққатан аз фаъолият бозмонда буд, бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат ба кор шурӯъ намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД  иттилоъ дод.

Коргоҳи дӯзандагӣ аз ҳисоби соҳибкор Дилшод Ёров барқарор гардида, 35 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Коргоҳи дӯзандагӣ дар асоси фармоиши муассисаҳои гуногун сарулибоси мактабӣ ва либосҳои кории соҳавӣ, аз ҷумла ҳарбӣ, тиббӣ, томактабӣ ва барои  қисмҳои низомӣ рахтҳои хоб омода менамояд. Ҳоло дар коргоҳ дар як рӯз то 35 ҷуфт либоси мактабӣ ва дигар намуди либосҳо омода карда мешавад.

Ташаббуси соҳибкор Дилшод Ёров, ки сабаби афзоиши маҳсулоти ватанӣ ва ҷалби бештари занону бонувони хонашин ба корҳои даромаднок мегардад, қобили дастгирӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июль 25, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд