Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди саноат ихтисосҳои нав таъсис ёфтанд
ДУШАНБЕ, 23.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар Донишкадаи кӯҳию металлургӣ факултети «Иқтисодиёти саноатӣ» ба «Зеҳни сунъӣ» табдили ном кард. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳори назар намуд.
Ректори Донишкада тазаккур дод, ки дар ин замина иҷозатнома барои таълими ихтисосҳои нав барои солҳои таҳсили 2022-2023: «Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот», «Технология ва таҷҳизоти заргарӣ», «Кадастри замин», «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика)», «Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар саноат», «Воситаҳои техникии назорат ва ҳисоби истифодаи энергия», «Электроникаи техникаи автомобилӣ», «Зеҳни сунъӣ», «Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ», «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (саноати химия)», «Экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ», «Иқтисодиёти таҳлилӣ» ва «Хизматрасонии автомобилӣ» ба даст оварда шуда, имсол Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи онҳо довталабонро ба донишкада қабул намуд.
Зикр гардид, ки ҳамзамон 135 нафар хатмкардагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар 3 давра бо назардошти супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи рисолаи хатм барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 30 нафар донишҷӯ дар доираи курсҳои 1- 4 ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд.
Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз намуд, ки «соли равон зинаи бакалаври таҳсилоти рӯзонаро 496 нафар, аз ҷумла 236 нафар ба тарзи таҳсили буҷавӣ, 477 нафар ба тарзи таҳсили шартномавӣ, 2 нафар дар асоси квотаи президентӣ хатм намуда, дар зинаи бакалаври таҳсилоти фосилавӣ 223 нафар ва дар зинаи магистратура 21 нафар, 3 нафар ба тарзи таҳсилоти буҷавӣ, 18 нафар ба тарзи таҳсили шартномавӣ донишкадаро хатм намуданд».
Дар давраи ҳисоботӣ дар се давра устодони донишкада ба Русия, Беларус, Узбекистон ва Норвегия сафар намуда, бо таҷрибаи муосири таълимгоҳҳои олии Иттиҳоди Аврупо шинос ва соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ гардиданд.
Раъно НУСРАТУЛЛОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд






