Дар Душанбе боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 22.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Охири моҳи августи соли 2022 Муассисаи давлатии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» ба истифода дода мешавад ва чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Истиқлолияи давлатӣ низ дар ин майдон гузаронида мешаванд. Ин матлабро имрӯз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Мавсуф иброз дошт, ки корҳои бунёдии муҷассама дар ҳаҷми пурра ва корҳои ободонӣ дар ҳаҷми 98 фоиз иҷро гардидаанд.
«Иншоот 30 гектарро ташкил дода, дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт (паси «Кохи Ваҳдат», меҳмонхонаи «Авесто» ва Донишгоҳи омӯзгорӣ) воқеъ мебошад. Дар Маҷмааи «Истиқлолият ва Озодӣ» майдони баргузории барномаҳои фарҳангию сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад. Майдони мазкур дар назди муҷассама ҷойгир шуда, барои роҳпаймоиҳою намоишҳои театришуда мутобиқ гардонида шудааст», — маълумот дод Ҷамшед Табарзода.
Гуфта шуд, ки ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳ ва ғайра иборат аст.


Баландии умумии муҷассама 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоии он 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30 –солагии Истиқлолият ва дар соли 91 –уми асри гузашта ба даст овардани истиқлолиятро ифода менамояд.
Зикр шуд, ки дар ҳудуди боғ зирк, сиёҳгилаи японӣ, ирғай, шамшоди ҳамешасабз, буттаҳои тобистонсабз, барфбуттамеваи сафед, ёсумани боғӣ, изғичи печон, бушол ва дигар намуди гулу бутта ва дарахтони нодир шинонида шудаанд.
Дар он лавҳаҳо ба шакли барелеф мусавварӣ гашта, дар паҳлӯҳо деворҳои асосии муҷассама ва даромадгоҳҳои он ҷой дода шуда, дар онҳо давраҳои рушду инкишофи давлатдории тоҷикон аз замони Зардушт то имрӯз бо анъанаҳои миллӣ ва корнамоиҳои мардуми мо инъикос ёфтаанд. Ин давраҳои таърихӣ дар осорхонае, ки дар дохили муҷассама пешбинӣ шудааст, пурра дар шакли электронӣ тасвир шудаанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?






