Дар Душанбе таҳти унвони «Дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари асосии пешбурди сиёсати хориҷии ҶТ дар арсаи ҷаҳонӣ» конференсия сурат гирифт

Июль 16, 2022 11:27

ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл Маркази тадқиқоти стратегӣ таҳти унвони «Дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари асосии пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор намуд, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, мутахассисон ва коршиносони соҳаи обу муҳити зист, таҳлилгарони масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд, мақсад аз баргузории конференсия натиҷагирӣ аз Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», баррасии нақш ва ҷойгоҳи дипломатияи об дар пешбурди сиёсати хориҷӣ, коркарди пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати омодагӣ ба Конференсияи оби СММ дар соли 2023 ва таҳкими ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф ва ҳалли мушкилоти мавҷуда мебошад.

Зикр шуд, ки дар шароити муосир дар баробари дигар мушкилоти ҷаҳонӣ масоили марбут ба об ва экология, аз ҷумла дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва гармшавии иқлим масъалаи ташвишовар гардида, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Маҳз чунин вазъият боис шудааст, ки дар рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ масъалаҳои вобаста ба об яке аз мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Мувофиқи маълумоти СММ, дар соли 2021 тақрибан 2 миллиард сокини ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Бояд таъкид намуд, ки аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мазкур иқдомҳои муҳим роҳандозӣ гардида истодаанд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода тазаккур дод, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «дипломатияи об» самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, пешбурд ва тақвияти он на танҳо ба манфиати давлати мо, балки ба манфиати тамоми башарият аст, чунки мушкилоти вобаста ба об рӯз то рӯз дар ҷаҳон афзоиш ёфта, давлатҳоро нигарон намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз охири солҳои 90-ум дар минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз афзоиши мушкилоти марбут ба об ва муҳити зист ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буданд. Воқеияти ҷаҳони имрӯзи аз он шаҳодат медиҳад, андешарониҳои мутавозин ва санҷидашудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мантиқ ва ҳақиқати худро дорад ва имрӯз маҳз ҳамон ҳушдорҳои Сарвари давлати мо буд, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилиҳои обу экология кӯшиш доранд.

Хайриддин Усмонзода аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр намуд, ки айни ҳол мо дар раванди татбиқи ташаббуси чоруми байналмилалии «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қарор дорем. Дар доираи ин ташаббус кишвари мо дар якҷоягӣ бо СММ ва дигар шарикони рушд иқдомҳои муҳими илмӣ-амалӣ ва оммавиро татбиқ намуда истодааст. Аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» идомаи татбиқи чорабиниҳои муҳими байналмилалии Тоҷикистон аст.

Директори Марказ дар ин маврид иброз дошт, ки ҳамоиши имрӯза дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 нақши муҳим дорад. Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъол дар ҳалли мушилоти ҷаҳонии об ба шумор рафта, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди эҳтиром, эътироф ва дар амал татбиқ гардида истодаанд.

Дар конференсия дар мавзӯъҳои «Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» – қадами навбатӣ ба сӯйи рушди устувор», «Ҳифзи пиряхҳо яке аз воситаҳои пешгирии мушкилоти вобаста ба об дар минтақа», «Нақши Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои об дар сатҳи глобалӣ: аз Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии об то Конфронси оби СММ дар соли 2023», «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон–ҳамчун минбари ҳамкорӣ ва муколама дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор», «Татбиқи чорабиниҳо ва моҳияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалии экологӣ дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» намояндагони вазорату идораҳо маърӯзаҳо намуданд.

Дар фарҷом Хайриддин Усмонзода афзуд, ки мавзӯъҳои баррасигардида дидгоҳи олимону коршиносон ва мубодилаи афкор дар татбиқи «Дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари асосии пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ» нақши муҳими худро мегузоранд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

Июль 16, 2022 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд