ЭҲТИЁТ ШАВЕД, ҚАЛЛОБОН! Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳое, ки аз кортҳои бонкӣ маблағҳои пулиро тасарруф мекунанд, афзудааст

Июль 22, 2022 13:20

ДУШАНБЕ, 22.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вақтҳои охир аз ҷониби шахсони номаълум теъдоди содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ бо роҳи тасарруфи маблағҳои пулӣ аз кортҳои бонкии ҶСП «Душанбе Сити Бонк» зиёд шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон.

Вазорат шаҳрвандонро огоҳ менамояд, ки сабаби тасарруф гардидани маблағҳои пулӣ — ин нодуруст истифода намудани кортҳои бонкӣ аз ҷониби мизоҷон ва ба шахсони ношинос пешниҳод кардани рақами корти бонкӣ ва рамзи махфӣ мебошад.

«Бинобар ин аз шаҳрвандон ва мизоҷони бонкҳо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати наафтидан ба доми қаллобон аз додани рақамҳои корти бонкӣ ва рамзи махфӣ ба шахсони ношинос ва тасодуфӣ худдорӣ намоед», — гуфта мешавад дар иттилоияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.

Ёдовар мешавем, ки дар сурати ифшои рақами мушаххаси шахсӣ (рамзи пин-код), гум шудан ё дуздидани корти пардохтии бонкӣ хатари соҳиб гардидани маблағи дар суратҳисоби корти бонкӣ будаи шахсони дигар вуҷуд дорад.

Дорандагони кортҳои бонкӣ бояд дар хотир дошта бошанд, ки маълумот дар бораи корти худро, аз ҷумла ба хешовандон, шиносҳо ва шахсоне, ки барои кумак ташаббус нишон додаанд, ифшо кардан мумкин нест.

Рақами мушаххаси шахсӣ бояд аз корт алоҳида нигоҳ дошта шавад.

Акс: ВКД ҶТ

Июль 22, 2022 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид