Мутахассисони низоми бонкии Тоҷикистон соҳиби сертификатҳои байналмилалии IFAAS гардиданд

Июль 8, 2022 13:21

ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи роҳандозии  Лоиҳаи кӯмаки техникии «Маблағгузории исломӣ барои рушди фарогир» беш аз 2,5 ҳазор нафар шунавандагон-кормандони  низоми бонкии кишвар   ҷалб гардиданд, ки аз ин омор беш аз ҳазор нафар давраи омӯзиширо хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ хатми омӯзишӣ стандартҳои байналмилалии IFAAS гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.     

Ҷиҳати баланд бардоштани дониши тахассусии кормандони низоми бонкӣ дар доираи барномаи Бонки Осиёии Рушд ҷиҳати татбиқи  Лоиҳаи кӯмаки техникии «Маблағгузории исломӣ барои рушди фарогир» дар ҳамкорӣ бо Ширкати машваратии IFAAS, моҳҳои июн-ноябри соли гузашта барои кормандони низоми бонкӣ силсилаи давраҳои омӯзишии фосилавиро роҳандозӣ намуд.

Дар доираи ҳамкории мазкур  дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, директори генералии Ширкати машваратии IFAAS Фаррух Раза, роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва ҷонибҳои манфиатдор ҳамоиш доир гардид.

Фирдавс Толибзода бо натиҷагирӣ аз марҳилаи 1-уми Барномаи мазкур зикр намуд, ки давраҳои омӯзишӣ асосан бо мақсади тақвияти дарку фаҳмиши мутахассисон оид ба принсипҳои маблағгузории исломӣ-муқаддимаи молия, бонкдорӣ, маблағгузории хурд ва лизинг, такафул, сукут, баҳисобгирии муҳосибӣ, идоракунии корпоративӣ тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, андозбандӣ, идоракунии хавфҳо, сохтори сиёсати молияи исломӣ ва идоракунии пардохтпазирӣ ташкил гардид.

Директори генералии ширкати машваратии IFAAS Фаррух Раза  ба шунавандагон ҷиҳати иштироки фаъолона дар барномаи омӯзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки феълан низоми бонкдории исломӣ дар ҷаҳон мавқеи хосро пайдо намуда, таваҷчӯҳи низоми бонкии анъанавиро ба худ ҷалб кардааст. Силсила-давраҳои омӯзишӣ  иқдоми амалии сафарбар кардани қувваи зеҳнӣ ҷиҳати воқиф шудан аз меъёрҳои бонкдории исломӣ буда, ба рушди минбаъдаи он дар ҷумҳурӣ тақвият мебахшад.

 АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 8, 2022 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1400 то 11.1787 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5749 то 9.6500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0400 то 11.0657 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5276 то 9.5600 сомонӣ муқаррар шудааст
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1210 то 0.1232 сомонӣ муқаррар шудааст