«Парвариши дарахти муъҷизанок «павловния» дар Тоҷикистон манфиати зиёд дорад», — чунин пешниҳод кардааст рўзноманигори тоҷик ба соҳибкорон

Июль 3, 2022 10:25

ДУШАНБЕ, 03.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 бори аввал дар хоҷагии фермерии «Эзбор дайхан»-и вилояти Ахали Турк­манистон 500 бех ниҳоли павловния шинонида шуд. Соли ҷорӣ соҳибкор Юлдош Гелдимадов дар ноҳияи Бодунсози вилояти Дошҳавз дар се гектар 5000 бех ниҳоли павловния шинонд, ки нашъунамояшон хуб аст. Азбаски шароити обу хоки Туркманистон бо ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон монанд аст, хуб мешуд, ки парвариши ин дарахти даромаднокро ба соҳибкорон тарғиб намоем. Парвариши он барои хоҷагиҳои чорводорӣ муфид хоҳад буд. Зеро аз соли нахуст метавон баргҳои дарахти наврустаро интихобан ба сифати хӯроки чорво истифода намуд, -чунин пешниҳод намудааст мухбири рўзномаи «Садои мардум» Сайфиддин СУННАТӢ дар мақолааш, ки дар ин нашрия таҳти сарлавҳаи «Дарахте, ки зуд сарватманд мекунад» ба чоп расидааст (№77(4497) аз 21.06.22).

«Талабот ба чӯбу тахта, сӯзишворӣ, хӯроки чорво, асали шифобахш ва ҳавои тоза дар ҷаҳон торафт бештар мешавад. Барои дастрасӣ ба ин неъматҳо ҳукумати кишварҳо кӯшишу маб­лағи зиёд сарф мекунанд, дар ҳоле ки онҳоро тавассути афзоиши майдони парвариши «павловния» ном дарахти муъҷизанок ноил гаштан мумкин аст»,- омадааст дар мақола.

Ба андешаи рўзноманигор, дар сурати парвариши ин дарахт дар Тоҷикистон метавон миёни қатори дарахтон 2-3 соли аввал метавон гандум, ҷав, ҷуворимакка, лӯбиё, пахта, нахӯд, тарбузу харбуза кишт кард. Солҳои минбаъда бо гирифтани асал ва фурӯши шоху баргҳои он метавон даромади бештар ба даст овард. Аз тарафи дигар, парвариши павловния хокро аз бодхӯрдашавӣ (эрозия) ҳифз намуда, ҳаворо тоза мекунад.

«Ҳоло дар бисёр шаҳрҳо, бинобар зиёд будани нақлиёти бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда, корхонаҳои саноатӣ, неругоҳҳои ҳароратӣ, инчунин зиёд будани аҳолӣ ҳаво аз меъёр зиёд ифлос мешавад. Як дарахти павловния метавонад соле 22 кило гази карбонатро фурӯ бурда, 6 кило оксиген ҷудо намояд. Мувофиқи ҳисоби олимон, 10 гектар боғи павловния қариб 300 тонна гази карбонатро фурӯ бурда, 1000 тонна чангу ғуборро ба худ мекашад. Дар ҳоле ки сол то сол миқдори хокбориш зиёд шуда истодааст, бо ёрии бунёди боғҳои павловния метавон ҳавои шаҳрҳоро тозаю беғубор нигоҳ дошт. Ин хосиятҳояшро ба назар гирифта, павловнияро «фабрикаи оксиген» ном ниҳодаанд, — нигоштааст Сайфиддин Суннатӣ.


Номбурда дар бораи ин дарахт маълумот дода, иброз доштаааст, ки «Павловния ё «Дарахти Одам» асрҳо боз дар Япония бо номи «кири» (ҳаёт) парвариш мешуд. Ниҳоли дарахти павловния зудрушдёбанда буда, соле то 3-5 метр қад мекашад. Баъд аз буридан ба тезӣ барқарор шуда, то 70 — 100 сол нашъунамо мекунад. Диаметри танаи он ба як метр ва қадаш вобаста ба шароит то 28 — 30 метр мерасад. Ба хок чандон серталаб набуда, дар заминҳои камоб низ мерӯяд. Ба ҳар ҳол дар заминҳои хокашон ғизоноку сернам зудтар қад мекашад. Як гектари он дар соли сеюм то 100 тонна биомасса медиҳад».

«Яке аз бартариҳои павловния дар он аст, ки баргаш калону серғизост. Сифати ғизонокии он ба юнучқа наздик буда, барги сабзаш то 20 дарсад ва хазонаш то 12 дарсад моддаҳои фоиданок дорад. Барги павловнияро гов ва гӯсфанду буз бо иштиҳо мехӯранд. Соле аз як гектар павловния метавон 35 — 40 тонна хӯроки чорво гирифт. Гулкунии павловния 6-8 ҳафта давом мекунад, ки дар баробари манзараи зебо дош­тан барои гирифтани асали хушсифат низ айни муддаост. Таъми асали он ба асали аз ақоқиё (акатсия, сияҳхор) гирифташуда шабоҳат дорад. Он ба бемориҳои роҳҳои нафас, шуш ва узвҳои ҳозима давост. Аз як гектар боғи павловния то як тонна асали хушсифат гирифтан мумкин аст», — тазаккур додааст рўзноманигор.

Муаллиф маълумот додааст, ки чӯбу тахтаи павловния нисбатан сабук бошад ҳам, аз дигар чӯбҳо сахттар аст. Дар баробари ин, бо таъсири намӣ тоб намепартояд, каҷ намешавад ва хатари оташангезиаш хеле камтар мебошад. Аз ҳамин сабаб япониҳо барои ҳифзи либосу ашёи қиматбаҳо, китобу ҳуҷҷатҳои муҳим сандуқи аз чӯби павловния сохташударо истифода мебурданд.Чӯби павловния барои кандакорӣ низ қулай мебошад. Онро барои сохтани дару тиреза, ҷевон, диван ва ғайра васеъ истифода мебаранд.

Сайфиддин Суннатӣ ёдовар шудааст, ки дар ИМА аз асри ХХ шинонидан, нигоҳубин ва содироти маҳсулоти аз павловния сох­ташударо ба роҳ мондаанд. Аз оғози соли 2000 — ум дар Англия, Германия, Швейтсария, Булғористон, Руминия, Испания, Полша ва дигар мамолики аврупоӣ бунёди боғҳои павловния авҷ гирифт. Дар Федератсияи Россия аз соли 2015 лоиҳаи «Павловния Россия» амалӣ шуда, ҳаводорони бунёди боғҳои ин дарахти муъҷизанок, махсусан дар Чеченистону Краснодар зиёданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 3, 2022 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боғи «Ирам» намоишгоҳи ҷумҳуриявии хайриявии гулу растанӣ баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд