Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз вазнинтарин ва душвортарин давра барои мардуми сайёра ёдовар шуданд

Июль 8, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни ироаи Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии иди Қурбон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз вазнинтарин ва душвортарин давра барои мардуми сайёра ёдовар шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Бори дигар хотирнишон менамоям, ки мардуми сайёра ҳоло дар вазнинтарин ва душвортарин давраи таърихи худ қарор доранд», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

Имрӯзҳо сокинони 27 кишвари дунё ба хатари гуруснагӣ рӯ ба рӯ омадаанд.

Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат даъват намуданд, ки бо дарназардошти чунин вазъияти ҳассосу вазнини ҷаҳон амал кунем, сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву содиқона заҳмат кашем ва сарфаю сариштакориро, ки хислати беҳтарини миллати куҳанбунёдамон мебошад, дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ риоя намоем.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шӯрои уламо иттилоъ дод, имсол Иди Қурбон дар Тоҷикистон 9 июл таҷлил мегардад. Намози ид дар тамоми масҷидҳо соати 6:00 оғоз мешавад.

Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода 4 июл зимни баргузории ҷаласаи Шӯро иброз дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди Қурбон дар кишвар ба рӯзи шанбе, 9 июл рост меояд.

«Шӯрои уламо ба имом-хатибҳо тавсия медиҳад, ки дар мавъизаҳои худ роҷеъ ба сулҳу субот суханронӣ намоянд ва диндоронро барои кумак ба ятимону пиронсолон ташвиқ намоянд», — омадааст дар баёнияи расмӣ.

Ёдовар мешавем, ки иди Қурбон яке аз ду ҷашни мусулмонон дар Тоҷикистон мебошад. Дар ин рӯз пас адои намоз нафароне, ки имкон доранд, қурбонӣ мекунанд.

АКС аз бойгонии Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 шумораи қонуншиканиҳо дар самти танзими ҷашну маросим коҳиш ёфт
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе натиҷагирӣ карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тафсири Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» кай омода ва нашр мегардад?
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин гардид
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Тоҷикистон таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Соли 2025 табибони тоҷик беш аз 203 ҳазор амалиёти ҷарроҳии беморхонавӣ гузарониданд