Имсол Иди Қурбон дар Тоҷикистон 9 июл таҷлил мегардад

Июль 5, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи шанбе, 9 июл дар Тоҷикистон Иди Қурбон таҷлил мегардад. Дар ин бора Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қарор қабул кард. Намози ид дар тамоми масҷидҳо соати 6:00 оғоз мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Шӯрои уламои мамлакат.

Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода 4 июл зимни баргузории ҷаласаи Шӯро иброз дошт, ки «мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди Қурбон дар кишвар ба рўзи шанбе, 9 июл рост меояд».

Тавре дар дар баёнияи расмӣ омадааст: «Шӯрои уламо ба имом-хатибҳо тавсия медиҳад, ки дар мавъизаҳои худ роҷеъ ба сулҳу субот суханронӣ намоянд ва диндоронро барои кумак ба ятимону пиронсолон ташвиқ намоянд.

Моҳи ҳаҷҷи Зулҳиҷҷа аз 30 июни соли равон оғоз шуд. Ҳаҷ 6 июл оғоз гардида, 10 июл ба анҷом мерасад.

Иди Қурбон, ки яке аз ду ҷашни мусалмонон мебошад, солҳост дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон шудааст. Дар рӯзи Иди Қурбон диндорон барои адои намози ид ба масҷидҳо мераванд ва пас аз он нафароне, ки имкон доранд, қурбонӣ мекунанд. Диндорон дар ин рӯз қабри хешу табор ва аҷдодони худро низ зиёрат менамоянд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июль 5, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
«ТОБИСТОН-2026». Дар Суғд барои шавқовар баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбир меандешанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ уҳдадорӣ ва ҳуқуқ доранд?
Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд