Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Коллеҷи тиббии ғайридавлатиро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Коллеҷи тиббии ғайридавлатиро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Коллеҷи тиббӣ дар маркази ноҳия аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Исмоил Садиров ва Абдулло Ҳасанов бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëд карда шудааст. Масоҳати умумии иншоот 0,50 гектарро дар бар мегирад.
Бинои Коллеҷ аз се ошëна ва 16 синфхонаи таълимӣ, китобхона, ду толор барои гузаронидани дарсҳои лексионӣ, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои омӯзгорону дигар иншооти ëрирасон иборат мебошад. Синфхонаи компютерии коллеҷ бо 20 компютер ва дастгоҳҳои зарурии муосир таъмин аст.
Коллеҷ барои ба таълим фаро гирифтани 330 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Коллеҷи тиббии ғайридавлатӣ дар ноҳияи Ховалинг 40 нафар, аз ҷумла 28 нафар бо маълумоти олии тиббӣ ва 12 нафар бо маълумоти олии омӯзгорӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки то ба имрӯз дар ин муассисаи таълимии навбунëд 150 нафар довталаб аз ноҳияи Ховалинг ва дигар ноҳияҳои атроф ба қайд гирифта шудааст.
Дар Коллеҷ аз рӯи 4 ихтисос, аз қабили кори ҳамширагӣ, момодоягӣ, фарматсевтӣ ва дандонпизишкӣ таълим дода мешавад. Бинои Коллеҷи тиббӣ ба таври замонавӣ ва бо риояи талаботи меъмории миллӣ бунëд шудааст, ки дар зебоии маркази ноҳияи Ховалинг замина мегузорад. Дар шафати бинои асосии Коллеҷи тиббӣ дар масоҳати 300 метри мурабаъ сохтмони хобгоҳ бо маром идома дорад.
Тибқи лоиҳа бинои хобгоҳ аз се ошëна иборат буда, барои истиқомати 110 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Ҳоло сохтмони таҳкурсии иншоот ба анҷом расонида шуда, сохтмончиёни маҳаллӣ ба корҳои хиштчинӣ дар ошëнаҳо машғул мебошанд. Тибқи иттилоъ хобгоҳ то моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои бунëди чунин муассисаи замонавии таълимӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ миннатдорӣ баëн дошта, аз омӯзгорону дигар кормандони Коллеҷ истифодаи самараноки шароити мавҷударо талаб намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд
Маркази «Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ» ба фаъолият оғоз намуд
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — АСОСГУЗОРИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш барои 280 нафар кӯдакистон сохта мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом коргоҳи бастубанди меваи хушк сохта мешавад
Роҳҳои деҳаҳои Шафақу Тезгари болои ноҳияи Рӯдакӣ мумфаршу бетонпӯш карда шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад






