«Пешвои миллат: «Заҳмати содиқонаи ҳар яки шумо дар таърихи навини Тоҷикистон сабт мегардад», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Июль 15, 2022 14:42

ДУШАНБЕ, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи  №133 (24 492), чоршанбе, 13 июли соли равон  таҳти сарлавҳаи «Пешвои миллат: «Заҳмати содиқонаи ҳар яки шумо дар таърихи навини Тоҷикистон сабт мегардад» суханронии Сарвари давлатро бо бунёдгузорони НБО-и «Роғун» (13.07.2022)  ва зери рубрикаҳои «Нишасти матбуотӣ» ва «Тоҷикистон» хабару гузоришҳоро аз ҷараёни нишастҳои матбуотии  вазорату кумита ва  идораҳои мамлакат дар шашмоҳаи аввали соли равон  нашр намудааст.

Дар маводи «Пешвои миллат: «Заҳмати содиқонаи ҳар яки шумо дар таърихи навини Тоҷикистон сабт мегардад», аз ҷумла  чунин омаааст: «Имрӯз бо ифтихор иброз медорем, ки барқи дар агрегатҳои аввалини неругоҳи «Роғун» истеҳсолшуда хонаҳои мардуми Тоҷикистонро равшан намуда, ба фаъолияти муназзам ва рушди иқтисоди миллии кишвар мусоидат карда истодааст. Ҳамасола дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз рушд ёфтани иқтисодиёти кишвар боиси афзоиши талаботи солона ба нерӯи барқ дар ҳаҷми ду — дуюним фоиз мегардад. Дар баробари ин, дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат аз 5,5 миллион нафар то 10 миллион нафар, яъне қариб 2 баробар зиёд шуда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум талаботро ба нерӯи барқ торафт бештар мегардонад».

«Барои расидан ба ҳадафҳои минбаъда ҳар яки мо бояд масъулияти бештар дошта бошем ва бо истифода аз тамоми имкониятҳо корро дар ин сохтмони муҳимми аср ҳарчи бештар суръат бахшем. Бовар дорам, ки заҳмати ватандӯстона ва содиқонаи ҳар яки шумо дар таърихи навини Тоҷикистон сабт мегардад ва мардуми шарифи тоҷик натиҷаи фаъолияти содиқонаи шуморо ҳамеша қадрдонӣ мекунад», -таъкид намуданд Сарвари давлат.

Инчунин дар шумораи рўзи 14 июл,  «Ҷумҳурият» як зумра маводҳои таҳлилии хонданбобро пешниҳоди хонандагон намудааст, ки таҳти чунин сарлавҳаҳо ба нашр расидаанд: «Хоруғ ба нигини Бадахшон табдил меёбад», «Хурофот аз нодонист», «Ваҳдати фикрӣ ва идеалогияи миллӣ», «Тухмипарварӣ. Канӣ шуҳрати пештараи корхонаи Файзобод? » , ««Даштиҷум». Ба тақдири мамнуъгоҳи нодир бетараф набошем!!!», «Боғи миллии Ваҳдат». Вақте роҳбар сабзкор аст…», «Шарафномаи Балҷувон ва Сарихосор».

Дар мақолаи «Хоруғ ба нигини Бадахшон табдил меёбад» чунин иттилоъ дода шудааст: «- Яке аз проблемаҳои ҷиддии шаҳрдорӣ чун пештара дар марҳилаи ҳозира низ  таъмини аҳолӣ бо манзили зист мебошад, – мегӯяд раиси шаҳр Назарзода Ризо Шодӣ. — Қисми зиёди арзу муроҷиати шаҳрвандони ба мақомоти шаҳрдорӣ воридгашта ва дар рӯзи қабули раиси шаҳр  бамиёнгузошташуда, ба  ин масъала рабт доранд. Дар панҷ соли оянда ҳам  таъмини аҳолӣ бо манзил яке аз масъалаҳои калидӣ боқӣ мемонад. Дар доираи тарҳи нави шаҳр дар ҳудуди он дар панҷ соли оянда  20 бинои баландошёнаи истиқоматӣ сохта шуда, бо нархи дастрас ба ниёзмандон   пешниҳод  мешаванд».

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» рӯзи сешанбе, 13 июл №85 (4505) таҳти унвони «Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Роғун» оид ба мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарои ширкати «ВИБИЛД» Пиетро Салини гузориши муфассалро ба нашр расонидааст.

Дар ин шумораи  «Садои мардум» ҳамчунин   таҳти унвони «Театрҳои кишвар дар шаш фестивали байналмилалӣ ширкат варзиданд»,  «Истеҳсоли неруи барқ ва ҷамъоварии маблағи он афзоиш ёфт »,  « 88 маҳаллаи аҳолинишин табдили ном карданд» « Таъсиси ҷоизаи давлатӣ барои журналистон »,  «Дастам аз номаи ӯ нофакушои сухан аст»,  «Дастовез барои фардоиён»  хабару гузориш ва мақолаҳои таҳлилӣ ба чоп расидаанд.

«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №29 (20362), 13 июли соли равон  хабару гузоришҳоро аз ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун, инчунин Паёми шодбошии Сарвари давлат ба муносибати Иди саиди Қурбонро  нашр намудааст.

Инчунин дар ин шумора хонанда метавонад  хабару гузоришҳои омоданамудаи рӯзноманигори ин нашрияро  дар самти иҷтимоию иқтисодӣ  ва  фарҳангию варзишӣ  ва аз ҷараёни нишатҳои матботии вазорату идораҳо мутолиа  намояд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №27 (1373), чоршанбе, 13 июли соли 2022 дар баробари дигар нашрияҳо ҷараёни сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Роғун ва дигар  маводи ҷолиб ба  нашр расидааст. Аз ҷумла,  метавон аз  маводи  «Садди асосии ифротгароиҳо ташаккули андешаи солим аст», «Чанд андеша роҷеъ ба Ваҳдати миллӣ», «Тянанмэн: майдоне, ки Чинро тағйир дод», «Фарҳанги Доро»-дорои илму фарҳанг» ва «Вазире, ки дар деҳа ҳам хона надошт» маълумот пайдо намуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 15, 2022 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАҲРИ ДУШАНБЕ – АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ. Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар доираи ин фестивал дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан баргузор гардид
Ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллиро тамошо намуд
Илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босуботи ҷомеа ба шумор меравад
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон ифтитоҳ мешаванд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан ва дигар маҳсулоти ҳунармандӣ оғоз гардид
РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК. Бахшида ба ин рӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад
ҲАМ АДРАСУ ҲАМ ЧАКАН АЗ ОНИ МАНУ ТУСТ. Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанг буда, ифодагари назокату малоҳат ва дунёи рангини бонувони тоҷик аст
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
ХАЛҚИ МОРО ДАФТАРИ АЙНӢ ШАҲОДАТНОМА ШУД. Ба ифтихори зодрӯзи Садриддин Айнӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Узбекистон баргузор мегарданд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Дар Тоҷикистон консерти ботантанаи арбобони санъати Узбекистон баргузор мегардад