Тоҷикистон ва Нидерланд дар СММ оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор нишасти маҷозӣ баргузор карданд

Июль 16, 2022 11:45

ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор дар Намояндагии доимии мамлакат дар СММ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар ҳамкорӣ бо зерниҳоди СММ ва кишварҳои шарик нишасти маҷозии Ҳадафи шашуми рушди устувор ҷиҳати баррасии зарурати таҳияи санади ниҳоӣ аз натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (22-24 марти соли 2023, Ню-Йорк) баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иштирокчиёни нишаст оид ба мавзӯъҳои интерактивӣ ва масъалаҳои мундариҷавии Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об дар пешбарии Ҳадафи шашуми рушди устувор дар сатҳҳои гуногун андешаронӣ карда, баррасии Рӯзномаи Даҳсолаи об ҳамчун санади ниҳоии конфронсро дар татбиқи босамари «Рӯзномаи 2030»-и СММ оид ба рушди устувор таъкид намуданд.

Масъалаи мушаххас намудани саҳм ва уҳдадориҳои кишварҳои узви СММ ва ниҳодҳои алоқаманд доир ба ҳалли амалии масоили обу иқлим ва таъмини саривақтии ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва «Рӯзномаи 2030»-и СММ аз нақшу ҳадафҳои асосии санади Рӯзномаи Даҳсолаи об иборат хоҳад буд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июль 16, 2022 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд
Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нишасти байналмилалӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид
Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо рӯзномаи «Умон»