Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният созишнома ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 23.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар доираи сафар вохӯрии дуҷонибаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Сулаймон Сойлу оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз тақвият ёфтани ҳамкории дуҷониба изҳори миннатдорӣ карда, барои амалӣ намудани иқдомҳои дар пеш истода ба сохторҳои дахлдори вазорат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҷараёни сафар Созишномаи ҳамкории амниятӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазирони корҳои дохилии ду кишвар ба имзо расонида шуд.
Акс: ВКД ҶТ








Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид






