АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Пешниҳоди ПСР-тест ҳатмӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 24.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони хориҷӣ мерасонад, ки бо назардошти афзоиши бемории сироятии COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намудааст, ки пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19 (ПСР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия ҳангоми сафар тавассути нақлиёти ҳавоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳар давлат ҷиҳати пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19 (ПСР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия талаботи худро ҷорӣ намудааст ва вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандон метавонанд ҳангоми хариди чиптаи ҳавопаймо аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ маълумот дастрас намоянд.
Хотиррасон менамоем, ки ин чораҳои беҳдоштӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 муваққатан роҳандозӣ гардида, бо беҳ гардидани вазъият аз байн бурда мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид






