АСРОРИ ИЗДИВОҶИ ХУШБАХТОНА. Маркази таълимӣ дар Душанбе духтаронро ба зиндагии оилавӣ омода мекунад
ДУШАНБЕ, 23.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тӯй яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти ҳар инсон ба шумор меравад, зеро дар ин рӯз оилаи нав бунёд мешавад. Ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистонҳар сол 25 ҳазор маъракаи хонадоршавӣ баргузор мешавад. Мутаассифона, шодию хурсандии баъзе ҷуфтҳо дер давом намекунад — оилаҳои нав пароканда мешаванд. Он оилаҳое бештар барҳам мехӯранд, ки дар асоси майлу ҳаваси ҷисмонӣ, намуди зоҳирии зебо бунёд шуда, хислатҳо ва муносибатҳои маънавияшон ба ҳам мувофиқ намеоянд. Чунин андеша доранд дар Маркази таълимии «Бонуи ҳунарманд» (“Кадбону”)-и шаҳри Душанбе, ки духтарони ҷавонро ба ҳаёти мустақилона омода мекунад.
Оила- ячейкаи ҷамъият, асоси тарбияи насли наврас маҳсуб мешавад. Он падидаест, ки ҷомеа ва давлат аз он ғизои маънавӣ мегиранд, падидаест, ки ин ду сохтори муҳимро муаррифӣ менамояд, паноҳгоҳест, ки аз даст задан ба ҳар гуна ҷиноят ва корҳои ношоям ҳар як узвашро эмин нигоҳ медорад. Дар оила одамон дӯст доштан, ҳурмату эҳтиром, хушҳолӣ, меҳрубонӣ намуданро омӯхта, бо ҷаҳони берунӣ шинос мегарданд, аз меросу анъанаҳои ниёгон, ки аз насл ба насл боқӣ мондаанд, огаҳ мешаванд.
Дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 25 ҳазор маъракаи арӯсӣ баргузор мешавад. Вале мутаассифона, шодию хурсандии баъзе навхонадорон дер давом намекунад — ҳамбастагии онҳо пароканда мешавад.
Омили нигаронкунанда омори бекоршавии ақди никоҳ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки сол то сол шумораи он зиёд мегардад.
Дар шаш моҳи соли равон дар мамлакат 7265 ҳолати ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 фоиз зиёд мебошад. Ҷудошавии оилаҳо бештар дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба қайд гирифта шудааст. Ин нуктаро Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён зимни нишасти матбуотӣ зикр намуда, аз ҳолати зиёд шудани ҷудошавии оилаҳо изҳори нигаронӣ намуд.
80 фоизи ҷудошавии оилаҳо тариқи ҳалномаи судӣ сурат мегирад.
Чаро одамон аз ҳамдигар ҷудо мешаванд?
Муовини сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихор Самадзода чунин мешуморад: «Ҷудошавии оила- ин на танҳо барои оилаи пошхӯрда мушкилот эҷод мекунад, балки ин ҳолат ба раванди амалишавии санадҳои меъёриву ҳуқуқии марбут ба пешгирии ҷудошавии оилаҳо низ монеа мегардад. Қариб 20-25 фисади ҷудошавии оилаҳо бо додани аризаи муштараки зану шавҳар, ки фарзанди умумии ноболиғ надоранд, рост омада, 75-80 фоизи дигари оилаҳо тариқи ҳалномаи судӣ аз ҳамдигар ҷудо мешаванд».
Тавре Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода иттилоъ дод, омилҳои ба ҷудошавии оилаҳо мусоидаткунанда асосан дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани ҳамсарон, бемории яке аз ҳамсарон, бефарзандӣ, зӯроварии хонаводагӣ, мувофиқ наомадани муносибати аъзои хонавода, дахолати шахсони сеюм, гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Русия ва ғайра ба шумор мераванд.
Сабабҳои асосии барҳам хӯрдани оилаҳоро муовини Раиси Суди шаҳри Душанбе Асомуддин Бобохонзода дар мувофиқ наомадани хислатҳои зану шавҳар, хиёнат аз ҷониби яке аз ҳамсарон, дахолати шахсони сеюм дар муносибати оиладорӣ, ба ҳаёти мустақил тайёр набудани ҷавонон ва инчунин мушкилоти иқтисодӣ, аз ҷумла нарасидани манзили зист, муҳоҷирати меҳнатӣ медонад. Ӯ мегӯяд, ки аз таҷрибаи судии баррасии ин намуди парвандаҳо маълум гардид, ки бекоршавии никоҳ ва пароканда гардидани оилаҳо хусусан миёни ҷавонон дар давраи аввали зиндагонии якҷояи онҳо ба амал меояд.
“Судҳо бо назардошти ҷой доштани сабабҳои дар боло овардашуда баҳри нигоҳ доштани оилаҳо, хусусан оилаҳои ҷавон ва оштӣ додани зану шавҳар тибқи талаботи қисми 1 моддаи 22 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати оштишавӣ таъйин намуда ва дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми беасос будани муроҷиат бекор кардани ақди никоҳро бо ҳалномаҳои судӣ рад кардаанд, ки ин ҳолат ба нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон мусоидат намудааст”, — изҳор дошт А.Бобохонзода.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки зиёдшавии бекор намудани ақди никоҳ ба зиндагонии осоиштаи кўдакони аз падару модар ҷудогардида таъсири манфӣ расонида, аз тарафи дигар, боиси пайдошавии баҳсҳои зиёд миёни ҳамсарон, аз қабили рӯёнидани алимент, муайян кардани ҷои зисти кӯдакон ва тақсими молу мулки ҳамсарон мегардад.
Чӣ бояд кард?
Ба андешаи коршиносон, яке аз омилҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон- ин ба ҳаёти мустақилона омода набудани навхонадорон аст. Бинобар ин ҷиҳати омода намудани онҳо ба зиндагии мустақил, бахусус барои ҷавондухтарон якчанд марказҳои омӯзишӣ фаъолият мекунанд, ки яке аз онҳо Маркази омӯзишии «Бонуи ҳунарманд» ё «Кадбону» дар Душанбе мебошад ва он барои ҷавондухтарон давраи омӯзишии қабл аз издивоҷ созмон додааст.
Он оилаҳое бештар барҳам мехӯранд, ки дар асоси майлу ҳаваси ҷисмонӣ, намуди зоҳирии зебо бунёд шуда, хислатҳо ва муносибатҳои маънавияшон ба ҳам мувофиқ намеоянд. Чунин андеша доранд дар Маркази таълимии «Бонуи ҳунарманд» («Кадбону»)-и шаҳри Душанбе. Ба ин хотир дар ин марказ тасмим гирифта шуд, то духтаронро ба ҳаёти мустақилона омода намоянд. Бо ин мақсад онҳо дар давраи омӯзишии даҳрӯза духтаронро ба зиндагии ояндаи оилавӣ омода мекунанд. Панҷ рӯз ба духтарон тарзи пухтани ғизоҳои гуногун, се рӯз шеваи ороиши мӯю рӯй ва ду рӯз дӯзандагӣ меомӯзонанд. Масъулони марказ гуфтанд, ки ҳамзамон ба ҷавондухтарон тарзи муносибат бо хусуру хушдоман ва наздикони шавҳари ояндаашонро хоҳанд гуфт. Онҳо гуфтанд, ки дар пайи низоъҳои оилавӣ аксаран аз беҳунарии арӯсони ҷавон шикоят мекунанд ва ин давраи омӯзишӣ шояд ба ҷавондухтарон кумак намояд.
Мушкиле нест, ки роҳи ҳал надошта бошад!
“Аз парешон шудани оилаҳои ҷавон, агар кӯдакон дар миён бошанд, ҳеҷ кас бурд намекунад ва ҳарду тараф зарари хеле зиёд мебинанд, ки инҳо тӯлонӣ ҳам ҳастанд. Бояд бидонем, ки мушкили хонаводагӣ мушкили як ё ду нафар нест, балки тақрибан мушкили 50 нафар аст. Ҳамеша пушти мушкилоте, ки барои мо даҳшатангез менамояд, як чизи хуб аст. Мо бояд ба худ вақт бидиҳем, ба қудрати худамон бовар кунем ва аз мушкилиҳо наҳаросем. Ҳеҷ мушкиле нест, ки роҳи ҳал надошта бошад!”,-изҳор дошт ба мо судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Наимзода.
Ба андешаи ӯ, Ҳукумати кишвар муҳимияти масъалаи таълиму тарбияро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дарк намуда, ҳамеша онро дар мадди назари худ қарор медиҳад.
Дар ин радиф аз гуфтаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ёдовар гардид, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳор дошта буданд, ки «фарзанд меваи ширини умри инсон аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад, нисбат ба кӯдакону насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳм гузорад ва фарзандони сазовор ба камол расонад».
Мутаассифона, тибқи омори судӣ, соли 2021 дар судҳои ҷумҳурӣ парвандаҳои оилавӣ дар бораи бекор кардани ақди никоҳ 18 083 ададро ташкил дода, вобаста ба парвандаҳои оилавӣ оид ба рӯёнидани алимент 11 581 адад парванда баррасӣ гардида, аз ин 9429 адад бо ҳалномаи даъво қонеъ карда шудааст.
«Инчунин парвандаҳои оилавӣ оид ба муқаррар намудани падарӣ, ҷои зисти кӯдак ва дигар баҳсҳое, ки аз муносибати оилавӣ баромада, дар судҳо баррасӣ мешаванд, тамоюли зиёдшавӣ доранд», — афзуд Марҳабо Наимзода.
Бояд аз дарси равоншиносӣ гузашт
Коршиноси масъалаҳои гендерӣ Марям Давлатова чунин мешуморад, ки ҳар оилаи ҷавон, ҳар оилае, ки фарзандонашонро хонадор кардан мехоҳанд, бояд аз дарси равоншиносӣ бигзаранд. Бояд ҷавонписару ҷавондухтарон ва ҳам волидон усулҳои ба ҳам мутобиқ шуданро дар шароити нави муносибатҳо биёмӯзанд, то мушкилоти хонаводагӣ сар назанад ва роҳи пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон то андозае гирифта шавад. «Лев Толстой мегӯяд, ки «ҳамаи оилаҳои хушбахт ба ҳамдигар монанданд ва ҳар оилаи ноком ба таври худаш ноком аст». Оила миёни ду нафар- як ҷавонмарди 25-сола ва як духтараки 20-сола бунёд намешавад. Оила дар байни ду авлод ба вуҷуд меояд. Ва ҳамаи ин ду авлод ба муносибати инҳо таъсир мерасонанд. Таъсирҳо метавонанд мусбату манфӣ бошанд. Ҷавонҳоро мебояд ба ҳаёти рӯзгордорӣ омода намоем, то онҳо ба ҳар гуна мушкилоти зиндагӣ пайваста тобовар бошанд. Онҳо бояд бидонанд, ки мушкилӣ устод ва сабақ аст. Зиндагии инсон, омӯзиши инсон ҳеҷ гоҳ охир надорад. Агар мо 70 ё 100 сол ҳам зиндагӣ кунем, ҳамаи донишҳоро аз худ карда наметавонем. Табиати инсон ҳамин гуна аст, мо ҳамеша бо умеди зиёд ба майдон медароем. Нақшаҳои зиёде мекашем, барномаҳои зиёде дар майнаамон тарҳрезӣ мекунем ва пеш аз ҳама, дар дохили онҳо як дунё умед рехта шудааст. Ин мисоли ба қадамҳои аввалини ташкили оиладорӣ по мондани навхонадорон мебошад»,-зикр менамояд ӯ.
Марям Давлатова афзуд, ки ҳар гоҳ, ки мушкилӣ пеш омад, донед, ки ин мушкилӣ нест, балки сабақест баҳри шумо. Дар ин ҳолат мушкилӣ шуморо наметарсонад. Баъдан дар хотир нигоҳ доред, ки ягон чиз абадӣ нест, мушкил ва ҳам шодӣ гузаранда аст. «Сабр- ин тоқат кардан нест, сабр- ин ба худ вақт додан аст. Ва ҳар мушкил вобаста ба дараҷааш вақти муайяне талаб мекунад. Ҳангоме ки ба коре қадам мегузорем, бояд донем, ки барои ҳама чиз вақт ва қудрати муайяне ҷудо карда шудааст», — изҳор медорад М. Давлатова.
Яъне чӣ?
Яъне бояд сари ин масъала хеле амиқ фикр намуд. Зеро аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон на танҳо ду хонавода, балки як ҷомеа зарар хоҳад дид. Чӣ гуна? Бо аз ҳам ҷудо шудани ду нафар ду оила аз ҳам дур мешаванд ва аз ҳама муҳим, фарзандон мушкилӣ кашида, азият мебинанд. Бубинед, дар хонаводае, ки якдигарфаҳмӣ пойдор асту муомилаи хуб ҳаст, он ҷо хандаву хушҳолии фарзандон ҳадду канор надорад. Фарзанд дар муҳите хуб ба воя мерасад, ки он муҳит на бо ҷангу даъво, балки бо меҳру муҳаббат ӯро дар канор мегираду дар оғӯши гарми воллидайн ӯ худро амн эҳсос карда метавонад. Пас набояд дар ин роҳи пуршебу фароз мо ҳамдигарро ба ҳоли худ гузорем. Дар бунёд ва мустаҳкам нигоҳ доштани ҳар як хонаводаи тоҷик ҳамаи мо метавонем нақше, гарчи кӯчак ҳам бошад, дошта бошем. Биёед саъй намоем, то ки оила, хонаводаи худро дӯст дорему ҳамдигарфаҳмиву якдигардӯстдориро пеша созем.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз