Дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Ашт ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ гузаронида мешавад
СУҒД, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар ҷаласаи корӣ доир ба масъалаи таъмини хонандагон бо либоси хушсифати мактабӣ гуфт, ки бояд дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия бо ҷалби коргоҳҳои дӯзандагӣ ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ гузаронида шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт хабар доданд.
1 август ҷаласаи кории Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо иштироки муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини Раёсати кишоварзӣ ва шахсони масъул доир гардид.
Зимни он Шӯҳрат Муҳаммадзода ба масъалаи кишти такрорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои самаранок истифода намудани ҳар порча замини кишоварзӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод. Аз ҷумла, барои кишти турб, сабзӣ ва дигар намуди зироат тавсеаҳои судманд изҳор гардиданд.


Раиси ноҳия ба масъалаҳои таъмини хонандагон бо либоси хушсифати мактабӣ эътибори хосса зоҳир намуда иброз дошт, ки «дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия бо ҷалби коргоҳҳои дӯзандагӣ ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ гузаронида мешавад. Замони иқтисоди бозаргонист ва ҳар нафар метавонад аз коргоҳҳои дӯзандагии дилхоҳаш бо нархи арзон ва сифати баланд либос харидорӣ намояд. Дар ин замина аллакай шахсони масъул вобаста гардидаанд ва рӯзҳои наздик дар маркази ҷамоатҳо ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ ташкил карда мешаванд».
Дар фарҷоми ҷаласа Раиси ноҳияи Ашт ба масъулини соҳа барои иҷрои вазифаҳои минбаъда дар шашмоҳаи дуюми соли 2022 супоришҳои мушаххас дод.
АКС: АМИТ «Ховар»/Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт








Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд






