Дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ба 544 нафар омӯзгорон эҳтиёҷ боқӣ мондааст

Август 8, 2022 10:57

ДУШАНБЕ, 08.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ҳамарӯза гузаронидани Ситоди корӣ оид ба бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ниёз ба омӯзгорон 544 нафар паст фароварда шуда, ба ҳолати имрӯза эҳтиёҷ ба омӯзгорон чунин мебошад: ВМКБ –113,  Хатлон – 25 нафар, Суғд – 60 нафар, Душанбе – 35 нафар, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ  – 311 нафар. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2022, дар Вазорати маориф ва илм Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони касбӣ таъсис дода шудааст. Ситоди корӣ фаъолияти худро аз 12 июл оғоз намуда, ҷаласаҳои он ҳамарӯза ба таври маҷозӣ (онлайн) бо иштироки сардорони сарраёсат, раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Натиҷаи кори ситод ҳамарӯза ҷамъбаст ва ба Вазири маориф ва илм пешниҳод карда мешавад.

То оғози фаъолияти ситод мувофиқи дархости раёсату шуъбаҳои маориф муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба 3406 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доштанд, ки ин бештар аз фанҳои дақиқ ва ҷамъиятию гуманитарӣ ба қайд гирифта шуда буд. Тибқи дархости пешниҳоднамудаи сарраёсат, раёсатҳо ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дар охири соли таҳсили 2021-2022 ВМКБ ба 169 нафар, вилояти Хатлон ба 852 нафар, вилояти Суғд ба 720 нафар, шаҳри Душанбе ба 159 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 1506 нафар кадри омӯзгорӣ эҳтиёҷ доштанд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, сабаби асосии ҳозир нашудани омӯзгорони ҷавон ба мактабҳо дар баробари сабабҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин нагардидани имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат  мебошад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» барои омӯзгорон якчанд имтиёзҳои муайян муқаррар гардидаанд, аз ҷумла, ҳамасола аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба омӯзгорони ҷавон барои беҳбуди шароити зисташон ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок барои чорводорӣ ва занбӯрпарварӣ дода мешавад. Ин кумакпулии давлатӣ ҳамасола дар саросари кишвар ба 333 нафар омӯзгорон  пешниҳод карда мешавад.

Дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон», ки  соли 2006 қабул гардидааст,  ба омӯзгорони ҷавони дорои маълумоти олии касбӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунанд,  барои се соли аввали соли корӣ ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ қарз ба андозаи 3 фоизи солона пешбинӣ шудааст.

Қарзҳо тавассути «Амонатбонк» пешниҳод карда шуда, яке аз шартҳои он  ҷой надоштани қарзҳо дар дигар бонкҳо ба ҳисоб меравад. Қаблан Вазорати маориф ва илм тасдиқ намуд, ки ҳарчанд ин қарзҳои имтиёзнок барои ҳамаи омӯзгорони ҷавони кишвар пешбинӣ шудаанд, аммо кори раёсат ва шуъбаҳои маориф дар ин самт кофӣ нест.

«Аз сабаби нокифоя будани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф аксари омӯзгорон аз ин қарзҳо истифода бурда наметавонанд», — зикр карданд дар ин ниҳод.

Ба гуфтаи вазорат, барои дастрасии омӯзгорони ҷавон ба ин қарзҳо шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳамасола рӯйхати омӯзгорони ҷавонро ба вазорат пешниҳод мекунанд.

Ҳамчунин тибқи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»  омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф  чунин имтиёзҳоро бояд дошта бошанд:

— муҳлати даъвати омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта шавад;

— ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат бароянд;

— ҳангоми беморӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва табобати ройгон таъмин гарданд;

— аз хизматрасонии коммуналӣ ройгон ё имтиёзнок истифода баранд, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

— барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофотҳои соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шаванд;

— барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ сарфароз гардонида шаванд;

Маҳз барои бартараф намудани мушкилоти дар соҳа ҷойдошта тибқи талаботи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ситоди корӣ то 31 августи соли 2022 идома ёфта, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо мутахассисони ҷавон ва собиқ омӯзгорон таъмин карда мешаванд.

Дар ситоди мазкур тамоми сардорони сарраёсату раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои  равияи омӯзгорӣ иштирок намуда, барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта кор мебаранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 8, 2022 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 22 маротиба музди меҳнати кормандони соҳаи маориф зиёд карда шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Боғи Мурод» ифтитоҳ ёфт
Барои таҳқиқоти илмӣ то 35 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муайян гардид
РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ. Давоми 7 соли охир дар Душанбе 22 кӯдакистон ба истифода дода шуд
Китобҳои дарсии синфҳои 8 ва 9 «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забони туркманӣ нашр шуданд
Дар ноҳияи Рашт оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба рушди соҳаи маориф вохӯрӣ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои 1280 хонанда сохта мешавад
ЗИЁДШАВИИ МАОШИ ОМӮЗГОРОН АЗ ОНҲО ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТИ ДУЧАНДРО ТАҚОЗО ДОРАД. Бардошт аз ҷаласаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон
Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода шавад
Дар Душанбе бо иштироки 1048 хонанда даври шаҳрии олимпиадаи фаннӣ оғоз гардид
РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар панҷ соли оянда дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, бояд як муассисаи томактабӣ бунёд карда шавад