Ду мактаби русизабони Тоҷикистон аз Русия китобҳои нави дарсӣ гирифтанд

Август 24, 2022 12:13

ДУШАНБЕ, 24.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мактаби миёнаи шаҳри Кӯлоб ва гимназияи давлатии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аз Русия китобҳои нави дарсӣ гирифтанд. Дар ин бора рӯзи сешанбе дар  намояндагии «Россотрудничества» дар Тоҷикистон хабар доданд.

«Асосан инҳо дастурҳо оид ба математика, забони русӣ, адабиёт — дар маҷмӯъ тақрибан 900 китоб мебошанд», — омадааст дар гузориш.

Дар маросими супоридани китобҳо хонандагон, падару модарон ва намояндагони шуъбаи Ташкилоти умумирусиягии ҷамъиятии ветеранҳо — «Боевое братство» иштирок доштанд.

Таҳсил дар ҳарду мактаб ба забони русист.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, 1 сентябр дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Кӯлоб, Турсунзода ва Хуҷанд боз панҷ мактаби русӣ ифтитоҳ мешаванд.

Хотиррасон мешавем, ки дар бораи бунёди муассисаҳои таълимоташон ба забони  русӣ дар Тоҷикистон  баъди музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия   Владимир Путин дар ҷараёни сафари расмии Савари давлати Тоҷикистон ба ин кишвар 17 апрели соли 2019 мувофиқа ҳосил шуда буд.
Дар мактабҳои нав омӯзгорони рус таълим хоҳанд дод ва барномаи таълимӣ махсус барои Тоҷикистон мутобиқ карда мешавад. Ҳукумати Русия барои сохтмон ва таҷҳизонидани онҳо ҳудуди 150 миллион доллар ҷудо кардааст.

Тибқи иттилои масъулини  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол дар мамлакат 48 мактаби русӣ бо фарогирии 27 ҳазору 63 нафар хонанда ба таълим равона шудаанд.

Ин мактабҳо дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва дигар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.

АКС аз бойгонӣ

Август 24, 2022 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд