Маҳмадтоир Зокирзода бо узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Со Бёнсу мулоқот намуд

Август 22, 2022 16:46

ДУШАНБЕ, 22.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Корея, узви Маҷлиси миллии Корея Со Бёнсу ва ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Зимни мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Тоҷикистон ҳамеша аз дастовардҳои Ҷумҳурии Корея хушҳол аст.

«Бо дарназардошти имконияти ҳалли масъалаҳои мубрами сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон тавассути тавсеаву густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея муносибатҳо миёни ду кишвар рӯз ба рӯз аҳамияти бештар касб намуда, ин тамоюл дар дурнамои наздик чунин боқӣ хоҳад монд», — тазаккур дод ӯ.

Маҳмадтоир Зокирзода роҷеъ ба ҳамкории дуҷониба афзуд, ки таҷрибаи Ҷумҳурии Корея дар татбиқи технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ метавонад мавриди омӯзиш ва истифодаи сохторҳои дахлдори Тоҷикистон қарор гирад. Бо мақсади ҷалби сармоя таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ташкили намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят муфид мебошад.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар анҷоми мулоқот зиёд намудани бурсияҳои таҳсилиро барои донишҷӯёни тоҷик дар чаҳорчӯбаи барномаи бурсиявии глобалии Корея (Global Korean Scholarship) таъкид кард.

Инчунин худи ҳамин рӯз таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода мулоқоти аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.

Дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни робитаҳои бисёрпаҳлӯи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории байнипарлумонӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 22, 2022 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд