Наврасони Душанбе дар Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон бо Диплом ва Сипоснома сарфароз гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 29.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Таълимгирандагони МД «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» барои иштироки фаъол ва эҷодкорона дар кори Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон бо Диплом ва Сипосномаи Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия сарфароз гардонида шуданд. Дар ин бора Директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Комилҷон Холов хабар дод.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, бори аввал аз 24 то 28 август Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон дар шаҳри Москва баргузор гардид.
Дар форуми мазкур гурӯҳи таълимгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» иштирок намуд.
Дар форум зиёда аз 1,5 ҳазор нафар кӯдакону наврасон аз тамоми манотиқи Федератсияи Русия ва намояндагони 10 кишвари дигар ҳузур доштанд.
«Тибқи барномаи форум, иштирокчиён дар зиёда аз 60 чорабинии гуногун иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар дарсҳои маҳорат ширкат варзида, бо ҳамсолони худ аз дигар минтақаҳо муошират карданд. Ба воситаи ин форум кӯдакону наврасон бо якдигар табодули таҷрибаи эҷодӣ намуда, бо ҷойҳои ҷолиби диққати Москва ва мавзеъҳои таърихии он шинос гардиданд. Ҳамзамон дар ҷараёни форум иштирокчиён бо шахсиятҳои барҷастаи Русия суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд»,- гуфт ба АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Комилҷон Холов.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»









Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд






