«НЕРУИ АҚЛ». Дар мактабҳои Тоҷикистон лоиҳаи омӯзиши илмҳои дақиқ ба забони русӣ оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 09.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маорифи Федератсияи Русия дар соли нави хониш дар чанд мактаби хориҷӣ лоиҳаи омӯзиши физика ва риёзиро ба забони русӣ оғоз менамояд. Дар нимаи аввали сол 300 нафар мактаббачагон аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирокчии он хоҳанд шуд, хабар додааст рӯзи душанбе сомонаи ин ниҳод.
«Вазорати маорифи Федератсияи Русия дар соли хониши дарпешистода лоиҳаи байналмилалии башардӯстона оид ба таълими физика ва математика «Неруи ақл»-ро дар хориҷи кишвар оғоз мекунад. <…> Дар шашмоҳаи аввали соли таҳсили 2022/23 тақрибан 300 донишҷӯи хориҷӣ метавонанд ба забони русӣ барномаи иловагии таълимии махсус тарҳрезишуда аз фанҳои физика ва математикаро аз худ кунанд», гуфта мешавад дар хабар.
Озмоиши лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон гузронида мешавад. Дар нимаи дуюми соли хониши 2022/23 дар сурати татбиқи муваффақонаи барнома васеъ намудани лоиҳа ва ҷалби кишварҳои хориҷи дур барои иштирок дар он дар назар аст. Барномаро омӯзгорони рус – иштирокчиёни лоиҳаи байналмилалии Вазорати маориф «Муаллими рус дар хориҷа» амалӣ хоҳанд кард.
Таҳиягари лоиҳа яке аз донишкадаҳои олӣ дар соҳаи физикаю математика — Институти давлатии педагогии Глазов ба номи В.Г. Короленко мебошад. Донишгоҳ якҷоя бо муаллимони пешбари русиягии физика ва математика барномаи таълими иловагиро барои хонандагони мактабҳои кишварҳои хориҷӣ таҳия мекунад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур ба татбиқи вазифаҳо дар чаҳорчӯби «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» (2020-2040), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020 эълон шудааст, инчунин фармони дигари Сарвари давлат аз 4 апрели соли 2003 «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ» ва «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
Аз 1 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт
Ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд
ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид






