ОЛИМПИАДАИ ДАСТАВИИ «ҶОМИ ПОЙТАХТ». Хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза» шуданд
ДУШАНБЕ, 22.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт» миёни хонандагони синфҳои 7-11 аз рӯи фанҳои математика, физика, химия, биология, география ва технологияи иттилоотӣ аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хонандагони шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза», вилояти Суғд- ҷойи якум, вилояти Хатлон- ҷойи дуюм ва хонандагони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар ин бора сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Инчунин аз ҳисоби литсей ва гимназияҳо дастаи олимпии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори “Шоҳҷоиза”, дастаи олимпии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, дастаи олимпии вилояти Суғд сазовори ҷойи дуюм ва дастаи олимпии вилояти Хатлон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар маросими ҷамъбасти олимпиада муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода ва директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» Нусратулло Саломиён ширкат варзиданд.


Тавре қаблан хабар додем, Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт» тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 то 21 август дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчурӯд» баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории олимпиада- амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрӣ мебошад.
«Имсол бори аввал аст, ки дар доираи баргузории истироҳати тобистонаи хонандагони болаёқат бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт» бо иштироки хонандагони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Дар Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт» зиёда аз 200 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд»,-гуфт Асомиддин Бобозода.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд






