Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти суд, прокуратура ва сохторҳои қудратии кишвар таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 19.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъул дар мақомоти суд, прокуратура ва сохторҳои қудратии кишвар таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратӣ кормандони ҷавону ботаҷриба ва корозмуда ба вазифаҳои масъулиятнок таъйин шуданд.
Зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва авзои минтақа, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ бо таҳлилу мисолҳо ибрози назар намуда, супоришҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат аз кадрҳои ҷавону болаёқат талаб намуданд, ки онҳо бо таҷрибаи андӯхтаи худ ва бо истифода аз шароити муосири таъминнамудаи Ҳукумати кишвар корро дар самти мубориза бо ҳама гуна қонуншиканиҳо пурзӯр намоянд, ба кор бо ҳисси баланди масъулият муносибат карда, барои ҳалли мушкилоте, ки монеи пешрафти соҳаҳои вобасташуда мегарданд, аз худ қобилияти хуби ташкилотчигӣ нишон диҳанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъмини адолати судӣ, баррасии шаффофу одилонаи парвандаҳо, мубориза бар зидди хариду фурӯши замин ва қонуншиканиҳо дар ин самт, таҳким ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат бо назардошти таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро баланд бардоранд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулини сохторҳои мазкур оид ба бозомӯзии кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон аз ҳисоби занону бонувон ва ҷавононе, ки донишҳои мукаммали замонавӣ дошта, ду ва ё зиёда забонҳои хориҷиро медонанд, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
“Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед”, — иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми мулоқот.









Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд






