Узбекистон тасмим гирифтааст, ки миёни Бухоро ва Душанбе хатсайри мустақим ифтитоҳ намояд

Август 10, 2022 12:34

ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Узбекистон ба ифтитоҳи хатсайри мустақим миёни Бухоро ва Душанбе ҳавасманданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар ҷаласаи 29-уми Сенати Олий Маҷлиси Узбекистон таъкид шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи болоии парлумони Узбекистон, соли 2021 ба вилояти Бухоро қариб 49 ҳазор нафар ва дар семоҳаи аввали соли 2022 беш аз 65 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд. Давоми якуним соли охир ҳаҷми хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, мавзеъҳои маданию маишӣ ва савдо аз 2 триллион сӯм гузашт.

Бо вуҷуди ин дар соҳа ҳанӯз камбудиҳо мушоҳида мешаванд. Аз ҷумла, дар ҷаласа зарурати ифтитоҳи хатсайрҳои нав бо истифода аз реҷаи «фазои боз», ки дар фурудгоҳи байналмилалии Бухоро ҷорӣ шудааст, аз ҷумла ба роҳ мондани хатсайрҳои мунтазам ва чартерӣ ба Бухоро аз Дубай, Ҷакарта, Куала-Лумпур, Лоҳур ва Душанбе, инчунин фароҳам овардани шароит барои иқомат, хизматрасонӣ ба ашхоси маъюб ва афзоиши хатсайрҳои сайёҳӣ таъкид шуд.

Дар анҷоми муҳокима қарорҳои дахлдори Сенат доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта қабул гардиданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 10, 2022 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон