РӮЗИ ЁДКАРДИ МАВЛОНО. Руҷуъ ба суханонии Президенти Тоҷикистон дар бораи Ҷалолиддини Балхӣ

Сентябрь 30, 2022 12:58

ДУШАНБЕ, 30.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2007, ки аз ҷониби ЮНЕСКО «Соли Румӣ» эълон гашта буд, дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия ва ғайра бахшида ба 800-солагии фарзанди бузурги миллати тоҷик Ҷаололиддини Балхии Румӣ тадобири зиёди илмию фарҳангӣ доир карда шуданд.

Дар маҷлиси тантанвӣ ба ин муносибат, ки 8 сентябри ҳамон сол дар «Кохи Борбад» бо ширкати беш аз 90 нафар меҳмонони хоричӣ аз 28 кишвари олам баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар зер суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар он ҳамоиши тантанавӣ бори дигар ба таваҷҷуҳи хонандагон мерасонем.

«Ҳозирини гиромӣ!

Мо дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навини худ баҳрабардорӣ аз арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, таблиғи ҳувияти милливу ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ба шоҳроҳи созандагиву ободонии сарзамини аҷдодӣ раҳнамоӣ кардан ва сафарбар намудани мардумро воқеан ҳам дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додем.

Ба ибораи дигар, ҳифз кардан, омӯхтан ва омӯзонидан, инчунин таблиғи арзишҳо ва анъанаҳои неки таърихиву фарҳангиро ба сатҳи давлатӣ бардоштем. Ва чунон ки имрӯз мебинем, мафҳумҳои истиқлолият ва озодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, тамомияти арзӣ, ободии Ватан ва созандагӣ на танҳо ҳамчун ғояҳои умумимиллӣ пазируфта шудаанд, балки ба ҳайси қутбнамо дар тафаккури мардумамон ҷой гирифтаанд.

Дар тӯли ҳазорсолаҳо моро мутафаккирони оламшумуламон ҳамеша ба озодандешиву истиқлолият, худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдату ҳамзистӣ, ҳамкориву ҳамбастагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ кардаанд.

Аз ҷумла, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун як фарди озодандеш ва инсонпарвар ғояҳои абадзиндаи ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамгироии инсонҳоро шиори зиндагӣ ва маънии ҳаёт дониста, ба инсони огоҳу бедордил, худшиносу худогоҳ ва бофарҳангу некхоҳ арҷи бузург гузоштааст.

Афкору андешаҳои пурқимати ин абармарди илму ирфон бахусус дар марҳилаи эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва ҳалли тазоду мушкилоти даврони ҷаҳонишавӣ арзиши дучанд пайдо кардаанд.

Назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстонаи ин орифи бузург дар Шарқу Ғарб маъруф гашта, мардум дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Ӯ масъалаҳои умдаи умумибашарӣ, фарҳанги инсондӯстӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими ҳаётро чунон дурандешонаву воқеъбинона тафсиру баён кардааст, ки имрӯз низ ҷавобгӯи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошад.

Асарҳои гаронбаҳои Мавлоно — «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир», «Фиҳи мо фиҳи», «Мавоизи маҷолиси саъба» ва «Мактубот» падидаҳои нотакрор ва саршор аз арзишҳои тоҷиконаи мардуми Хуросони Бузург мебошанд.

Каломи басо дилчаспу содаи Мавлоно баъди гузашти 800-сол имрӯз низ барои ҳар пиру ҷавони тоҷик фаҳмову дастрас буда, ҳамчунин аксари мардуми оламро сарфи назар аз эътиқод ва дину оинҳои мухталифи онҳо мафтун гардонидааст. Беҳуда нест, ки Абдураҳмони Ҷомӣ баъди дусад соли даргузашти ӯ дар хусуси бузургии шахсият ва қимати шоҳкории камназираш чунин гуфтааст:

«Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

Шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарфарозии мо — тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд.

Зиндагии Мавлоно ва густариши равияи мавлавия ба пуштибонии салтанати Салҷуқиёни Рум алоқаманд аст, ки дар Осиёи Хурд ҳукмронӣ мекарданд. Азбаски солҳои зиёди умр, авҷи таълиму тадрис, фаъолияти илмиву эҷодӣ ва манзили охирати Ҷалолиддини Балхӣ бо ватани дуюми ӯ — шаҳри Қунияи Рум, яъне қаламрави Туркияи имрӯза вобаста мебошад, ӯ бо номҳои Ҷалолуддини Румӣ, Мавлоно, Мавлавӣ ва Мавлои Рум шӯҳрат пайдо кардааст.
Ногуфта намонад, ки забони коргузорӣ ва илму адаби давлати Салҷуқиёни Рум — забони тоҷикӣ буд ва ба шарофати чунин фазои мусоиди фарҳангӣ барои инкишофи илму ирфон, ҳикмату фалсафа ва шеъру адаби аҳли Хуросони Бузург ва сарзамини Эрон шароити созгор фароҳам омада буд.

Ҷалолиддини Балхӣ ва пайравони ӯ на танҳо дар густариши илму фарҳанги ниёгони худ, балки дар инкишофи тамаддуни мардуми туркзабон низ хизмати бузурги таърихиро анҷом додаанд.

Онҳо бо нерӯи сухан, ақлу хирад ва фарҳанги воло дар ҳамгироии халқҳову тамаддунҳо хизмати арзишманд кардаанд ва маслаку равияи онҳо дар амри таҳкими робитаи тамаддунҳо ва ҳамзистии осоиштаи аҳли башар барои мо имрӯз низ хеле ибратомӯз аст.

Дар замони салтанати Салҷуқиёни Рум дини ислом дар ҳаёти ҷомеа нақши асосӣ ва марказӣ дошта, дар баробари ин, барои фаъолияти озоди оину мазҳабҳои масеҳиву насронӣ ва зардуштиву яҳудӣ монеае мавҷуд набуд.

Таълимоти Ҷалолиддини Балхӣ гуногунҷабҳа буда, тамоми паҳлӯҳои зиндагии инсон, андешаву афкори созанда ва талаботи маънавии аҳли башарро фаро мегирад. Аз ин ҷост, ки Мавлоно инсонҳоро бузургтарин ва азизтарин офаридаи Худованди якто дониста, онҳоро ба сиёҳу сафед, ирқу нажод, ғарбиву шарқӣ ва бутпарасту насронӣ тақсим намекунад.

Зеро асоси таълимоти «мавлавия» аз забони худи Мавлоно чунин ҷамъбаст шудааст: «Дар ҳама ҷо Худо яке, ёр яке, сухан якест».

Вақте ки Мавлоно аз дарёфти ҳақиқат сухан мегӯяд, ӯ инсонро ба камолоти маънавӣ ва таҳқиқи олами ботинии худ талқин месозад. Ба ибораи дигар, дарёфти маънавиёт аз диди Мавлоно — шинохти инсон ё худ мазҳари худшиносист, ки ин падида имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлоливу соҳибдавлатии мо аҳамияти хоса дорад.

Худшиносӣ ва дарёфти ҳувияти миллӣ омилҳое мебошанд, ки моро беш аз пеш ба ваҳдат ва гиромӣ доштани таъриху фарҳанги ниёгонамон ҳидоят мекунанд.

Мавлонои Балхӣ бо намояндагони қавму миллатҳо ва дину мазҳабҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва туркӣ озодона сухан мегуфт. Дар баробари ин, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ аз назари ӯ асоси таъминкунандаи осоиши башар будааст:

Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Ӯ дар таълимоти худ масъалаи баробарии дину мазҳабҳои гуногун ва дар ин поя андешаи таҳаммулпазирии динӣ, мазҳабӣ ва қавмиро ба миён гузоштаааст, ки имрӯз ҳамсадои робитаи мусолиматомези фарҳангҳо ва гуфтугӯи тамаддунҳост.

Инсон барои ин мутафаккир, ки худро «на тарсову яҳуд, на габру мусулмон, на шарқиву ғарбӣ, на улвию сифлӣ» мешуморид, беҳтарин офарида ва мӯъҷиза аст.

Бо дарназардошти ин, агар Мавлонои Балхиро, ки мақому манзалати инсонро сарфи назар аз мансубият ба миллату мазҳабҳои гуногун аз ҳама болотар гузоштааст, яке аз саромадони оғози муколамаи Шарқу Ғарб ва робитаи мусолиматомези дину мазҳабҳо ҳисоб намоем, муболиға ё иштибоҳе нахоҳад шуд.

Беҳуда баъди фавти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Қуния мотами умумихалқӣ барпо нашудааст: аз паси тобути ӯ издиҳоми бузурги мардуми қавму миллат ва мазҳабҳои гуногун рафта, ҳар кадоми онҳо аз Қуръону Инҷил ва Тавроту Забур ба арвоҳи ӯ дуову муноҷот хондаанд.

Паҳлӯи дигари таълимоти Мавлоно, ки барои ҷаҳони муосир ва инсони асри кайҳон хеле муҳим аст, ин афкори ахлоқии ӯ мебошад.

Мутафаккир ба бузургтарин анъанаҳои ахлоқии ниёгони мо ва арзишҳои умумибашарӣ такя карда, некиву накӯкорӣ, хайру эҳсон, навозиши ятимону бепарасторон, ахлоқи ҳамида, дигар фазилатҳои писандида ва адолати иҷтимоиро дар осори ҷовидонаи худ тараннум карда, аз ҷумла фармудааст:

Ҳазор бор пиёда агар тавофи Каъба кунӣ,
Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Ҷалолиддини Балхии Румӣ шахсияти бузург ва нотакрори ирфону адаб буда, осори ҷовидонаи ӯ, тавре ки гуфта шуд, ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб хонандагону эътиқодмандони зиёд дорад.

Ба қавли яке аз донишмандони маъруф «агар имрӯз аз Каҳкашони дурдаст бо мо тамос бигиранд ва фавран бихоҳанд, ки ду китоби намунае барои муаррифии шахсияти миллии мо барояшон бифиристем, гумон дорам «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоноро метавон ихтиёр кард».

Осори ҷовидонаи ӯ имрӯз ба даҳҳо забони гуногуни ҷаҳон тарҷума шуда, дар интиҳои асри XX дар радифи даҳ китоби сертеъдод ва хонотарини аҳли олам қарор гирифтааст.

Мо — тоҷикон дар қатори дигар миллатҳои мутамаддини олам осори ин пири хирадро меомӯзем, ташвиқ месозем ва бо он ифтихор менамоем.
Дар Ватани азизи мо -Тоҷикистон ӯ маҳбуби қалбҳо ва азизи ҳар хонадон аст ва шоҳкории безаволи ӯ — «Маснавии маънавӣ» ҳамчун баёни Қуръони карим бо забони шаккарини тоҷикӣ шинохта шудааст.

Бинобар ин, ба хотири бузургдошти шахсият ва эҳтироми ин абармарди олами ирфону адаб, ки фарзанди миллати куҳанбунёди тоҷик ва пешвои маънавии қавму миллатҳои гуногуни олам мебошад, чанде пештар ноҳияи Колхозободи вилояти Хатлон Ҷалолуддини Румӣ номгузорӣ карда шуд.
Илова бар ин, ҳоло пешниҳод менамоям, ки ба яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Қӯрғонтеппа ва калонтарин гимназия-интернати дар ин шаҳр бунёдшаванда номи Ҷалолуддини Румӣ дода шавад.

ДАР АКСҲО: 21 марти соли 2022 Президенти ҶТ Эмомали Раҳмон дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ ҳайкал ва мақбараи шоир ва тутафаккири бузурги тоҷик Ҷалолиддини Балхиро дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ ифтитоҳ намуданд. Акс: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»/.

Бо дарназардошти ин, ки имрӯз Мавлавии Балхӣ на фақат дар Тоҷикистону Туркия, Афғонистону Эрон, Покистону Ҳиндустон ва кишварҳои зиёди мусулмонӣ, балки дигар минтақаҳо ва кишварҳои Шарқу Ғарб маъруфу машҳур аст, мо бо ташаббус ва дастгирии ЮНЕСКО дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил шудани 800-солагии ӯро ҳамчун нишонаи арҷгузорӣ ба фарзанди бузурги тоҷикон ва бузургдошти арзишҳои ҷовидонаи умумиинсонӣ мешуморем.

Ормонҳои волои истиқлолият, меҳанпарастиву башардӯстӣ, озодфикриву озодманишӣ, илмомӯзиву маърифатпарварӣ, хайрхоҳиву таҳаммулгароӣ, ваҳдату дӯстӣ, хулоса ахлоқи ҳамидаву фазилатҳои неки инсонӣ мероси бегазанди тамоми ниёгони бузурги мо, аз ҷумла Мавлоност, ки мардуми тоҷик ва аҳли оламро ба сӯи ояндаи нек ва рӯзгори пурсаодат ҳидоят менамояд.

Аз ин лиҳоз, дар ин лаҳзаҳои фархунда бо ифтихор мегӯям, ки поянда бод истиқлолияти миллӣ ва давлату давлатдории миллате, ки чунин абармардро ба ҷаҳониён эҳдо кардааст

Зиндаву ҷовид бод ном ва корномаи бузурги ахлоқӣ ва инсонии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ!

Бигзор нури истиқлол ва ирфони безаволи Мавлоно барои мо — тоҷикон чароғи раҳнамо ва ҳидоятгари фатҳу нусратҳои оянда бошад!».

ДАР АКСи боло: суханронии Президенти ҶТ 8 сентябри соли 2022 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 800-солагии Ҷ. Балхӣ. Акс: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар».

Сентябрь 30, 2022 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»