Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 мавриди татбиқ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар шаҳри Душанбе маросими оғози татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ба кор оғоз кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар расми ифтитоҳи он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва дигар шарикони ҳамкор ширкат варзиданд.
Зикр шуд, ки стратегияи мазкур дар асоси меъёр ва принсипҳои қонунгузорӣ, стандартҳои байналмилалӣ, таҳлили вазъи фарогирии молиявӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони ҳамкор таҳия ва тасдиқ шудааст.
Ҳоким Холиқзода дар ҳамоиш изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини устувории низоми бонкӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ дар самти истифодаи хизматрасониҳои муосири бонкӣ ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва фарогирии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2022-2026 таҳия намуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022 тасдиқ гардид.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода иброз намуд, ки «фарогирӣ ва саводнокии молиявӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати молиявии давлат маҳсуб шуда, татбиқи самараноки стратегияи мазкур имконоти иқтисодии соҳибкорону дигар субъектҳои хоҷагидориро васеъ мегардонад ва ба ин восита ба рушди иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад». Неъматулло Ҳикматуллозода ба Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), Котиботи давлатии робитаҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) барои дастгирӣ ҷиҳати таҳия ва қабули ин санади муҳим барои Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд.
Муаррифии расмии «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026»-ро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ манзури ҳозирин гардонида, оид ба ҷабҳаҳои калидӣ, мақсад, нишондиҳандаҳо, амалҳо, муҳлат ва сохтори идоракунии стратегияи мазкур маълумот дод. Зимни муаррифӣ Гулбаҳор Назирӣ самтҳои асосии стратегия, аз ҷумла шабакаҳои таҳвил ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, гуногуншаклии маҳсулоти молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва саводнокии молиявиро муфассал шарҳ дод. Зикр шуд, ки зимни таҳияи ҳуҷҷати мазкур ҳуқуқу имконияти занону ҷавонон ва қишри калонсоли ҷомеа низ ба инобат гирифта шудааст.
Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо кумаки техникии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ/ Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), Котиботи давлатии робитаҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ, намояндагони бахши хусусӣ, олимон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардидааст.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






