Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши ҷаҳонии ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Қазон иштирок намуд

Сентябрь 2, 2022 15:59

 ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиши ҷаҳонии ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, ки  27-30 август  дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия баргузор гардид, ширкат варзид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.

Ҳамчунин дар ҳамоиши мазкур 30 нафар ҷавонони тоҷик таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода иштирок намуданд.

Ҳамоиш дар доираи барномаи байналмилалии «Қазон — пойтахти ҷавонони СҲИ-2022» доир гардида, дар он зиёда аз 300 нафар намояндагони беш аз 50 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд.

Дар доираи ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов бо намояндагони расмии кишварҳои ширкаткунандаи ҳамоиши байналмилалии ҷавонон  мулоқот анҷом дод.

Дар ҳамоиш мавзӯъҳои марбут ба  муҳоҷирати ҷавонон, муколамаи байнифарҳангӣ, соҳибкории ҷавонон ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз баррасӣ гардиданд.

АКС: Сафорати ҶТ дар ФР

Сентябрь 2, 2022 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд