Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти 21-уми солонаи Гурӯҳи кишварҳои тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ иштирок намуд

Сентябрь 23, 2022 09:42

ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти солонаи Гурӯҳи кишварҳои тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ ширкат намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳамоиш доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурӯҳи кишварҳои тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ, аз ҷумла обу энергетика, нақлиёт ва дастоварду мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии ин кишварҳо ибрози андеша кард.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин зимни суханронӣ аз аҳаммияти татбиқи Барномаи амали Вена ҳамчун унсури муҳими ҳамгироии кишварҳои тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ дар самти ноил шудан ба Рӯзномаи 2030 ва ҳадафҳои он ёдрас шуда, аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ таъкид сохт.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 23, 2022 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар дипломатия ҳамоиш доир шуд
Нишасти 5-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бар зидди терроризм доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад
Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон
Музокироти расмии Тоҷикистону Гурҷистон баргузор шуд