ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Роҳ ба сӯи Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи Тоҷикистон кушода шуд

Сентябрь 19, 2022 13:44

ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 18 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» баргузор гардид, роҳ ба сӯи Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи ҶТ кушода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо бори дигар бар зарурати бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои мавҷуда таъкид карданд.

Ҳамзамон муҳим шуморида шуд, ки шартҳои оташбас риоя гардида, оқибатҳои даргириҳои марзӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.

Гурӯҳҳои корӣ ба мувофиқа расиданд, ки роҳҳо барои рафтуомад кушода шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардад.

АКС: АМИТ «Ховар»/Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 19, 2022 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон