БОҒИ ДӮСТИИ ТОҶИКОНУ УЗБЕКҲО ДАР СИМОИ ПРЕЗИДЕНТОНИ ДУ ДАВЛАТ БОҒБОНҲОИ АСИЛИ ХУДРО ДОРАД. Ё чӣ гуна Шароф Рашидов ва пайравони ӯ решаҳои нахли дӯстиро мустаҳкамтар намуданд

Сентябрь 26, 2022 15:45

ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мо аз солномаҳо медонем, ки вазири кабир Мир Алишери Навоӣ аз токзори бо маоши худ бунёд намудааш ба устоди худ Абдураҳмони Ҷомӣ як хӯша ангур пешкаш намуда буд. Ин эҳтироми муаддабона маънои рамзӣ дорад.

Моҳи сентябри соли 2018 зимни сафари корӣ ба Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода аз дасти дӯсти содиқи худ — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як хӯша ангур гирифта буд. Ин манзара ҳамон дӯстии ду шахси бузургро ба ёд меорад. Чӣ қадар ҳаётӣ аст ин тимсолТимсоли одӣ, вале раднашаванда. Чунин нигоштааст узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сулаймон ЭРМАТОВ дар мақолаи хеш,  ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

Аз бунёди боғи дӯстии ду халқ, ки асосгузори он ҳазрати Навоӣ ва Мавлоно Ҷомӣ буданд,  асрҳо гузашта бошад ҳам, он заррае озор надидааст,  аз санҷиши таърих гузашта, боз ҳам шукуфта,  меваҳои ширини худро дода  истодааст. Арбоби  намоёни  ҷамъиятӣ ва давлатӣ,  роҳбари  вақти Ҷумҳурии Узбекистон, шоир ва адиби маъруфи узбек   Шароф Рашидов яке аз боғпарварони  машҳури  боғи дӯстии ду халқ  ба ҳисоб мерафт.

Шароф Рашидов  ҳам дар ҳаёт ва ҳам дар эҷодиёт  пайвандгари дӯстии тоҷику узбек буд. Бо ташаббуси ӯ солҳои 1961, 1968 ва 1981 дар Узбекистон Рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик, инчунин дар Тоҷикистон ин тадбири муҳим бошукӯҳ гузашт. Ба ин муносибат асарҳои беҳтарини адибони тоҷик дар Узбекистон бо теъдоди зиёд чоп шуданд. Шароф Рашидов дар оғозу анҷоми Даҳаи адабиёт ва санъат шахсан иштирок намуда, сухан мекард. Иштироккунандагони ин анҷуман, шоирону нависандагони Тоҷикистон бо мукофотҳои гуногун қадрдонӣ карда мешуданд.

Ходими намоёни давлатӣ ва адиб Шароф Рашидов аз парвози баланди ашъори диловези Мирзо Турсунзода, ки дӯсти наздикаш ба ҳисоб мерафт, ба илҳом меомад. Хосатан шеърҳои ҳиндустонии  шоири тоҷик ба вай таассуроти амиқ гузошт. Пас аз он дар дилаш  хоҳише пайдо шуд, ки ӯ ҳам дар мавзӯи Ҳиндустони афсонавӣ асар  эҷод кунад. Ҳамин тавр  «Таронаи Кашмир» рӯи дафтар омад.  Онро се бор гаштаю баргашта таҳрир намуд ва се бор мусаввадаи  асари худро  ба дӯсти тоҷикаш пешниҳод кард, то андешаҳояшро баён созад.  Бо гирифтани фикру мулоҳизаҳои Мирзо Турсунзода ниҳоят  Шароф Рашидов бо дилпурӣ асарро ба дасти чоп дод.

– Аз рӯзҳои  аввали дӯстӣ то охири ҳаёти шоир моро решаҳои боқии ҳамкории эҷодӣ ва муносибатҳои инсонӣ фаро гирифта буданд,– менависад  собиқ Котиби якуми ҳизби коммунисти  Узбекистон, адиби маъруфи узбек Шароф Рашидов дар сарсухани  китоби Мирзо Турсунзода, ки бо номи «Оташ посбони» соли 1981 ба забони узбекӣ чоп шуда буд. –Ин решаҳо аз шираю шарбати кишвари азизамон  баҳра мегирифтанд, ба шарофати  дӯстии  файзбор ва  баракати халқамон рӯз ба рӯз мустаҳкамтар мегаштанд. Гузаронидани  ҳафтаю даҳаҳои адабиёт ва санъат, алоқаҳои доимии фарҳанг, аз неъматҳои маънавӣ баҳраманд шудан миёни халқамон ба анъанаи бузург табдил ёфта буданд.

«Рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Узбекистон»-ро, ки соли 1968 баргузор гашта буд, то ҳозир ёд дорам,—гуфта буд Шароф Рашидов. Вохӯриҳо, муҳокимаҳои эҷодӣ, суҳбатҳо танҳо дар вазъияти расмӣ не, балки дар атрофи дастурхон, дар Душанбе, дар хонадони Мирзо Турсунзода, дар Тошканд, дар хонаи камина баргузор гашта буданд. Вохӯриҳое, ки бо Мирзо Турсунзода мешуданд, фаромӯшнашаванда буда, аз онҳо ҳам дар қалбу ҳам дар хотираи ман муҳри абадӣ нақш бастааст. Ӯ танҳо Мирзои тоҷикон не, балки Мирзои мо–узбекон  низ ҳаст…».


Шароф Рашидов инчунин бо Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ ва дигар адибони тоҷик дӯсту бародар буд. Ба эҳтироми ин қадрдонӣ ба Фотеҳ Ниёзӣ дар Самарқанд, ба Ҷалол Икромӣ дар Бухоро барои зистан ва эҷод кардан хонаҳои  зебо  туҳфа намуд. Барои хизматҳои бузургаш дар Самарқанд осорхонаи Садриддин Айнӣ  кушода шуд, ки  ин осорхона то ҳозир фаъолияташро давом дода истодааст. Шароф Рашидов дар кушодашавии ин осорхона шахсан иштирок намуд ва дар анҷумани байналмилалии  100-солагии  устод Айнӣ, ки дар Самарқанд гузашта буд, суханронӣ кард.

Бо роҳнамоии Шароф Рашидов дар Донишкадаи  давлатии Самарқанд факултаи забон ва адабиёти тоҷик васеътар гардид.  Донишкадаи педагогии ба номи Садриддин Айнии Самарқанд, ки дар он  таълим асосан ба забони тоҷикӣ сурат мегирифт, кушода шуд. Дар Донишкадаи педагогии Бухоро низ шуъбаҳои тоҷикӣ амал мекарданд. Дар Донишкадаи давлатии Самарқанд шӯрои илмӣ, ки ҳуқуқи дараҷаи илмӣ додан дошт, фаъолият намуда, диссертатсияҳои вобаста ба забон ва адабиёти тоҷик дар ҳамин ҷо  ҳимоя карда мешуданд.

Дар давраи Шароф Рашидов дар радиои ҷумҳурӣ соатҳои барномаи тоҷикӣ зиёд гардид. Сурудҳои тоҷикӣ аз радиову   телевизион мунтазам шунида мешуданд. Дар радиои вилоятҳои Самарқанд, Бухоро ва Фарғона  низ барномаҳои тоҷикӣ амал мекарданд. Дар матбуот низ забони тоҷикӣ ҷои намоёнро ишғол мекард. Маҳз бо ташаббуси Шароф Рашидов солҳои 60-ум рӯзномаи ҷумҳуриявии «Ҳақиқати Узбекистон» («Овози тоҷик»-и ҳозира) дар як ҳафта 5 маротиба чоп мешуд.

Корҳои бузурги Шароф Рашидовро, ки барои мустаҳкам гардидани дӯстии ду халқ–тоҷику узбек оғоз карда буд, имрӯз   сарварони ду мамлакат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев  идома дода истодаанд, ки ин ба ҳама хурсандӣ мебахшад. Ба шарофати сиёсати оқилонаи сарварони ду мамлакат боғи дӯстии   халқҳои  тоҷику ӯзбек, ки аз азал ҳамхуну ҳамҷон, гӯшту нохун  буданд, рӯз ба рӯз инкишоф ёфта, решаҳои он боз ҳам мустаҳкамтар  гардиданд. Муносибатҳои ҳамсоягӣ низ ба сӯи хубӣ тағйир ёфтанд. Робитаҳои фарҳангӣ, адабиёт ва санъат  ба зинаҳои баланд бардошта шуданд. Барои рушди дӯстии халқ уфуқҳои рангоранг кушода шуда,  шароити  мусоид фароҳам гашт ва анъанаҳои хуб аз нав барқарор гардиданд.

Миёни ду ҷумҳурии дӯсту бародар ба роҳ монда шудани рӯзҳои  адабиёту фарҳанг, ифтитоҳи роҳи ҳавоии Душанбе-Тошканд-Душанбе, аз нав барқарор гардидани хатсайрҳои  қатора, густариши савдо ва ниҳоят барои осон гардидани гирифтани раводид тадбирҳои судманд андешидани роҳбарони ду мамлакат мояи хушнудист.

Шодиву хурсандии  мардум аз тантанаи кушода шудани марзҳои ду кишвари девор ба девор, ки халқҳояшон–тоҷикону узбеконро  расму оини муштарак дар тӯли асрҳо ба ҳам пайванд намудаанд, имрӯзҳо ҳадду канор надорад. Бо дили пур ва фараҳу шодӣ, бо чеҳраи саршор аз мамнуният ва бо забони гӯё ва пур аз қанду асал қаноатмандии  худро аз ин воқеаи бузург  изҳор мекунанд. Тантанаи мазкур, яъне кушодашавии роҳ,  бахусус  барои онҳое, ки тайи  зиёда аз ду даҳсола  бо сабаби баста будани роҳҳои рафтуомад миёни ду давлати ҳамсоя-Тоҷикистону Узбекистон аз дидори  хешу ақрабои  худ, пеш аз ҳама, аз дидори акою додар, апаю хоҳар дур монда, зиндаҷудо гардида буданд, бо нишоту шодмонии беҳудуд пазируфта шуд.

Ба наздикӣ боз як хушхабар паҳн шуд. Дар Самарқанд, дар як шоҳроҳи шаҳр муҷассамаи Рӯдакӣ гузошта шуд. Ин тадбирҳои фараҳбахш, ки барои мустаҳкам гардидани дӯстии ду халқ– тоҷику узбек ёрии калон  мерасонанд, шаҳодат медиҳанд, ки дар муносибатҳои ду халқ дигаргуниҳои сифатан нав пайдо мешаванд.

Зеро ин ду халқи ҳамдӯш ва ҳамсояи наздик дирӯз, имрӯз ва дар оянда ҳам бе якдигар, бе дароз кардани  дасти ёрӣ ба ҳам  зиндагӣ карда наметавонанд. Танҳо бо ҳамин роҳ, ки имрӯз абарқудратҳо дунёро бори дигар тақсим кардан мехоҳанд ва манфиатҳои худро  аз манфиатҳои мардуми минтақа  боло гузоштанӣ мешаванд, метавон ба он муқобилият намуд. Танҳо ба воситаи якдигарфаҳмӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории судманд ҳарду тараф метавонанд  ба муваффақият ноил гарданд.

Чароғи  бо дасти мубораки   сарварони ду мамлакат афрӯхта барои ҷомаи амал пӯшидани чандин орзуву умедҳо  равшанӣ дода, ба корҳои нек ҳидоят менамояд.

– Дӯстии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишери Навоӣ намунаи дӯстии халқҳои тоҷику узбек ба шумор меравад, –таъкид  намуда буданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон.—Муносибати Ҷомӣ  ва Навоӣ  намунаи барҷастаи  дӯстӣ ва самимияти  пиру мурид мебошад, ки  ҳеҷ ғараз надошт.

Аз ҳакиме пурсидаанд:

––Кадом сафар аз ҳама дуртар аст?

Ӯ ҷавоб дод:

– Сафари  ҷустуҷӯи дӯсти содиқ.

–Содиқтарин дӯст кист?

Ӯ ҷавоб дод:

– Дӯстоне, ки ду тану як ҷон бошанд.

Оре, тоҷику ӯзбек дӯстони ду тану як ҷонанд. Як мардуме, ки бо ду забон ҳарф мезананд. Вақте ки панҷ  сол пеш дар диёри азизамон сарварони ду кишвар якдигарро гарм ба оғӯш мегирифтанд, ҷавоби ин ҳаким, ки дар боло зикр намудам,  ба ёд омад. Сафари аввалини Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки дар ҷустуҷӯи дӯсти содиқи тоҷики худ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба сарзамини Тоҷикистон қадам  гузошт, бо ҷавоби ҳаким ҳамоҳанг буд.

Дар доираи сафари  давлатиашон ба Ҷумҳурии Узбекистон  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  Фармони Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Узбекистон-  Ордени «Эл Юрт Ҳурматӣ» сарфароз гардиданд, ки ин низ ҷавобгӯи ҷавоби ҳаким  аст.

Дар шаҳри Панҷакент, дар ҳузури Президенти мамлакатамон ва  бо ширкати меҳмонони зиёде  аз Ҷумҳурии Узбекистон дар сатҳи баланди  фарҳангӣ таҷлил шудани  Иди Наврӯз, ки ба тариқи рамзӣ  «Шоми дӯстӣ» номида шуд, сухани ҳакимро тасдиқ мекунад. Дар арафаи таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони илм, маориф ва фарҳанги Узбекистони ҳамсоя бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ Шералӣ Ҷӯраев ва Мавлуда Халилова бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд. Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо фармони худ роҳбари бадеии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Адҳам Холиқов ва роҳбари бадеии Ансамли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Холовро бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Узбекистон» қадрдонӣ намуд, ки ин аз содиқтарин дӯст будани сарварони ду давлат гувоҳӣ медиҳад.

Вақте ки ду дӯст, ду бародар, сарварони ду мамлакат– Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе  Боғи «Низомиддин Мир Алишер Навоӣ»-ро кушода, бо дастони муборакашон аз рӯйи  муҷассамаи  Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ки дар маркази ин боғ ҳамчун рамзи дӯстии ду халқ–тоҷику узбек қомат афохта буд, парда бардошта, дар пояи он гулчанбар  гузоштанд, безавол будани боғи дӯстии  ду халқ бори дигар исбот гардид.


Шубҳае нест, ки ин муносибатҳои ҳамсоягӣ дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар мегарданд. Зеро боғи дӯстие,  ки аз сарчашмаҳои асрҳои дур об мехӯрад, боғбон дорад. Боғи дӯстие,  ки сарварони ду кишвари бузург боғбонӣ мекунанд, нашъунамои хуб меёбад. Боғи дӯстиро ягон қувва аз байн бурда наметавонад. Зеро ин боғ дар дил месабзад, дар дил шоху барг мебарорад ва аз дил об менӯшад. Ҷои пинҳон кардан нест, баъзе иғвогарон миёни ин ду халқ нифоқ андохтанӣ мешаванд.  Вале тири онҳо ба боғи дӯстӣ заррае зиён нахоҳад расонд. Боғи дӯстӣ ҳамоно сарсабз аст, боғи дӯстӣ бехазон аст. Зеро ин боғ бо дасти  бузургони ду халқ, ки аз азал чун гӯшту нохун ва дугоник шуда омадаанд, бунёд гаштааст. Чунки дар сари ин боғ боғпарварони асил- Мавлоно Ҷомию Ҳазрати Навоӣ истодаанд.

То даме,  ки пайравони Ҷомию Навоӣ ва Шароф Рашидову Мирзо Турсунзода роҳбарони оқилу донои ду мамлакат- Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳастанд, боғи  дӯстӣ  дилҳоро ба якдигар бештар пайванд менамояд.

Сулаймон ЭРМАТОВ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 26, 2022 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ