Дар Душанбе Фестивали «Рушди бозиҳои миллии варзишӣ — омили муҳими шинохти миллат» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 24.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Муассисаи давлатии боғи Шаршара бо ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ таҳти унвони «Рушди бозиҳои миллии варзишӣ — омили муҳими шинохти миллат» Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ доданд, Фестивали мазкур бо ҷалби донишҷӯёну машқварзони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои тайёрии варзишии кишвар аз 24 сентябр то 17 декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар фестивал донишҷӯёни Акадамияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ва муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявию шаҳрӣ ширкат меварзанд.
Мақсад аз баргузории фестивал- эҳё намудани бозиҳои миллии варзишӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Дар фестивали мазкур роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони аввали муассисаҳои таҳсилоти олии болозикр иштирок менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






