Дар ноҳияи Ховалинг бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиӣ машқи омодабошӣ баргузор гардид

Сентябрь 3, 2022 11:20

ХОВАЛИНГ, 03.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва омодагии сокинони мамлакат ба селу обхезӣ, сӯхтору заминларза ва дигар намуди офатҳо дар шаҳру ноҳияҳо машқҳои омодабошӣ мегузаронад, ки ин навбат ҳамин гуна машқи омодабошӣ давоми чор рӯз дар ноҳияи Ховалинг баргузор шуд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА иттилоъ додааст, дар машқи омодабошӣ тамоми қувваю воситаҳои техникӣ ва корхонаю ташкилот муташаккилона иштирок намуданд. Дар майдони марказии ноҳия техникаю лавозимот ва ҳайати шахсии идораю ташкилот барои гузаронидани машқ ҷамъ омаданд. Сардори ситод ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз сатҳи омодабошии хадамоти мудофиаи граждании ноҳия дидан карданд.

Тибқи нақша, хадамоти мудофиаи гаражданӣ барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ба мавзеъҳои осебпазир барои бехатар гардонидан равона карда шуданд.

Дар Ҷамоати деҳоти «Ҷомбахт» бар асари омадани сел дар ду мавзеъ пулҳои мошингузар садамавӣ гардида, эҳтимоли корношоям шудани пулҳо ва қатъ гардидани равуои сокинони чанд деҳа ба миён омадааст. Дар ин мавзеъҳо бо истифода аз техникаҳои соҳавӣ бо ҷалби хадамот корҳои барқароркунӣ ва мустаҳкам намудани соҳилҳо шурӯъ гардид.

Корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  ва мудофиаи гражданӣ Давлат Ятимов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳамзамон роҳи деҳаҳо дар назди пулҳои мошингузар барқарор карда шуд. Дар ду тарафи пулҳо бо истифода аз масолеҳи сохтмонӣ корҳои оҳану бетонӣ гузаронида шуданд. Дар ин корҳо шумораи зиёди сокинон ва техникаҳо ҷалб карда шуданд. Ситоди ҳолатҳои фавқулода барои омодагии сокинон дар пешгирӣ аз селу обхезӣ ва наҷот додани аҳолӣ дар маҳаллаҳои обшорон ва сохтмончиёни Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бо садои бонги ҷамъшавӣ беш аз 300 нафар сокинонро дар ҷои махсус ҷамъ намуда, ба рӯйхат гирифт ва ба осебдидагон кумаки тиббӣ расонида шуд. Ҳамаи сокинонро баъди барӯйхатгирӣ муташаккилона бо воситаҳои нақлиёт таъмин намуда, ба ҷои бехавф кӯчониданд.

Дар мавзеи фурудгоҳ тамоми сокинони аз офати табиӣ зарардида бо хаймаҳои муваққатӣ таъмин карда шуданд. Хадамоти мудофиаи гражданӣ дар ҷо ба ҷо намудани сокинон, таъмини онҳо бо лавозимот ва маводи хӯрокворӣ кумак расониданд. Шахсоне, ки дар ин машқ шартан ҷароҳат бардошта буданд,  аз ҷониби кормандони тиббӣ муоина ва ба онҳо ёрии тиббӣ расонида шуд.


Маркази санитарию эпидемиологӣ барои пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ атроф ва ҳудуди шаҳраки муваққатиро безарар гардониданд. Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва дигар масъулони машқ фаъолияти хадамоти мудофиаи граждании ноҳияро аз назар гузаронида, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳояшон баҳои баланд дод.

Дар анҷоми машқи мазкур ба ҳамаи хадамот ва шахсоне, ки дар машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Ховалинг фаъолона ширкат варзиданд, сипосномаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг супорида шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2022 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд