Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд нонвойхона, коргоҳи қаннодӣ ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Сентябрь 11, 2022 11:41

СУҒД, 11.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол мулоқоти Раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода бо котиби иҷроияи Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, вобаста ба таъсиси нонвойхона ва коргоҳи қаннодӣ дар ҳудуди шаҳри Истиқлол, бунёди меҳмонхонаи замонавӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун гуфтушунидҳо сурат гирифтанд.

Дар назар аст, ки дар бинои бекорхобидаи мағоза бо насби таҷҳизоти зарурӣ нонвойхона ва коргоҳи қаннодӣ ташкил карда шаванд. Ин иқдомҳо бо ташаббуси котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд ва пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашни миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ карда шуда, ҳадафи он ба некӯаҳволии сокинон нигоронида шудааст.

Дар айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар нонвойхона оғоз гардида, дар назар аст, ки бо фаъол гардидани он 4 нафар занони хонанишин омӯзонида ва ба кор ҷалб карда шаванд. Дар ин коргоҳ дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб гардида, якчанд намуд маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Дар ҳудуди шаҳр нонвойхона мавҷуд набуда, барои аҳолӣ нон ва дигар маҳсулоти нонӣ аз шаҳри Хуҷанд дастрас карда мешавад.

Дар баробари нонвойхона коргоҳи қаннодӣ низ таъсис дода мешавад, ки дар он маҳсулоти гуногун омода карда мешавад. Дар назар аст, ки коргоҳи мазкур бо назардошти шароиту имконияти замони муосир таъсис дода шавад.

Тибқи нақша, ҳамчунин дар биное, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ҷудо менамояд, меҳмонхонаи замонавӣ бунёд карда мешавад. Зеро дар ҳудуди шаҳр то ҳол меҳмонхона вуҷуд надорад. Дар ин самт корбариҳо ҷараён дошта, баъди ҷудо намудани бино корҳои сохтмонӣ оғоз мегарданд.

Ҳамаи ин ташаббусҳо дар доираи фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ҳадафи ба шуғл фаро гирифтани занони хонанишин, саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръат, ободонии шаҳр ва дигар ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

АКС: Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Сентябрь 11, 2022 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд иншооти тандурустӣ бунёд мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз майдони Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб бинои нави Кумитаи идораи замин ба истифода дода мешавад
Дар деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент маркази тафреҳӣ барои кӯдакон бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент пули мошингузар сохта мешавад
То ҷашни Наврӯз муассисаҳои фарҳангии таъмирталаби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд